casino malaysia
casino malaysia
Ахтари дурахшони илм

wrapper

  Дар аввали  моҳи  августи соли 2020  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои Тоҷикистон    рисолаи Сарходими  илмии Шуъбаи   таърихи фалсафаи  Институт, доктори илмҳои  фалсафа, профессор Олимов Кароматулло таҳти унвони “ Ахтари дурахшони  илм”  ба нашр расид.
 Рисола ба фаъолияти илмии олими намоёни тоҷик,Президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ,академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси Ассотсиатсияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ Муҳаммад Осимӣ, махсусан ба таҳлили асарҳои фалсафӣ ва адабии устод бахшида шудааст. Муаллиф таъкид кардааст,ки асарҳои илмии  М.Осимӣ ҳанӯз ҳам  аҳамияти илмӣ,адабӣ ва тарбиявии худро аз даст надодаанд ва истифодани онҳо барои таҳқиқи масъалаҳи таърихӣ,фалсафӣ, адабӣ ва ховаршиносӣ мусоидат хоҳад кард.
  Асари мазкур барои мутахассисони илмҳои ҷомеашиносӣ, адабиётшиносон, фарҳангшиносон ва онҳое, ки ба фаъолияти илмии Муҳаммад Сайфиддинович  Осимӣ  таваҷҷӯҳ доранд, пешниҳод мегардад.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia