casino malaysia
casino malaysia
"Ҷомеашинос" фаъол мешавад

wrapper

  Дар таърихи 12.08.2020 дар ҳуҷраи кории директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик Аловуддин Баҳоваддинови АМИТ бо иштироки аъзои ташкилоти иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо номи "Ҷомеашинос" дар назди Кумитаи "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи ҳизбӣ барпо гардид.
  Раиси ташкилоти мазкур Муъмин Назар зимни пешниҳоди ҳисобот қайд намуд, ки роҳҳои таблиғ ва фаъолияти ҳизби мазкур баррасӣ шуда, қайд гардид, ки ворид шудани кормандон ба узвияти ҳизби мазкур бояд аз тариқи фаъолияти ҳамарӯзааш баҳогузорӣ шавад, чунки пардохтани онҳо ба таблиғи ормонҳо ва ҳадафҳои сиёсии ҳизб қаблан аз хотири ҳукумат кардан аст ва танҳо бо доштани қудрат ҳизб метавонад оромӣ ва осудаҳолии мавҷудбударо барои ҳамватанон таманно кунад.
  Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи "Хирадмандон" Ширин Қурбонова сухан карда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки мунаққидони ҳизбро омӯхта, дар бархурд бо ҳамлаҳои бардурӯғи мухолифин омодагӣ бубинанд.
  Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки яке аз шартҳои асосии он ҷанги иттилоотист, ҳар як узви ҳизб вазифадор аст, ки дар тафовути неку бад ва сияҳу сафед ва интихоби роҳи дурусти фаъолияти сиёсӣ ба дигарон кӯмак кунанд.
  Ҳамчунин, таъкид шуд, ки авзои ҷаҳони муосир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар умури сиёсии кишварҳои рӯ ба тараққӣ давлатҳои абарқудрат бо истифода аз иғвову низоъ дахолат варзида, вазъи кишварҳоро муташанниҷ менамоянд. Аз ин хотир, зирракии   сиёсиро набояд фаромӯш кард ва набояд имкон фароҳам овард, ки гурӯҳҳои зархарид ба дасисабозиҳои хеш идома диҳанд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia