casino malaysia
casino malaysia
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мантиқ ва назарияи маърифат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол: вазъ ва роҳҳои рушд”

wrapper

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
   Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мантиқ ва назарияи маърифат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол: вазъ ва роҳҳои рушд” ки санаи 9 июни соли 2020 доир мегардад, лутфан даъват менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти конференсия:
  1. “Мантиқи рамзӣ”
  2. “Мантиқи назарияи маърифат”
  3. “Таърихи мантиқ”
  4. “Масоили таълими илми мантиқ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
  5. “Масоили мубрами гносеология”
Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
            Мавод ва баромади беҳтарини конфронс дар маҷаллаи Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашр мешавад
Мақолаҳо то 2-юми июни соли 2020 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми то 15 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ мебошад, қабул карда мешавад.
Мақолаҳо ба Кумитаи тадорукот ба суроғаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукоти конфронси илмӣ ворид гардидааст, итттилоъ дода мешавад.
ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ  МАҚОЛА:
Формати мақола  А4, андозаи ҳуруф 14 Times New Roman Tj. Фосилаи байни сатрҳо – 1.5, ҳошияҳо аз ҳама тарафҳо – 2 см. Бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс)- 1,5 см.
Унвони мақола аз мобайн ва бо ҳарфи калон. Пас аз фосилаи яккарата- насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф (муаллифон), номи муассиса (ташкилот) ва нишони электронӣ.
Номгўйи  адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рўйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест, яъне ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [  ] нишон дода мешавад. Намуна : [14, 30], яъне адабиёти 14, саҳ 30.
Шахсони маъсули баргузории ин конференсия илмӣ- ҷумҳуриявӣ:
  Нуриддин Муминзода – телефон барои тамос: (+992) 88 222 17 27.
   E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.   
                                                                             
Кумитаи тадорукот

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia