casino malaysia
casino malaysia
Омилҳои ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз

wrapper

      Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб
Бо сад ҳазор нузҳату оройиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир  бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо - нақиб.
Наффот - барқи равшану тундарш таблзан.
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун  марди сӯгвор,
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи саман, бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборад нав ба нав,
В-аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷуяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳино шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв шуда мар ӯро  муҷиб.
Сулсул ба сарвбун бар бо наѓмаи кӯҳан
Булбул ба шохи гул бар лаҳнаки ѓариб.
Акнун хӯред бодаву акнун зийед шод,
К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.
 
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
 
   Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Абурайҳони Берунӣ ва Хайём  дар осорашон бар ин далел истинод кардаанд. Ин оини кӯҳан арзиши баланди фарҳангӣ ва сиёсӣ дошта, рамзҳои зиёде, чун эҳёи табиат, озодагӣ ва некманишӣ, ваҳдати инсонҳо ва гуманизм, меҳнатқаринӣ ва пайванди инсону табиатро дар бар мегирад.    Дар санаи 18.02.2020  дар нишасти 64—мини Созмони Миллали Муттаҳид бо дарназардошти мамлакатҳое, ки ин оини кӯҳанро арҷ мегузоранд ва таҷлил менамоянд, Наврӯз  ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Минтақаҳое, ки ҳамасола Наврӯз дар он ҷо мутантан ҷашн гирифта мешаванд, чун манотиқи «ҳавзаи Наврӯз»  ба маъруфият шинохта шудаанд.
   Қабул кардани Наврӯз ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст.   Мардуми Аврупо  дар зимни таҳлилу тадқиқ ва ташхиси ин масъала, ки моҳияти на танҳо фарҳангӣ ,балки сиёсӣ дорад, боадолатона ва аз рӯи инсоф натиҷагирӣ  карданд. Табиист, ки дар Созмони Миллали  Муттаҳид ашхосе фаъолият мекунад, ки дар ироа ва баррасии масъалаҳои ҷаҳонӣ, ки мазмуну моҳияти сиёсӣ ва  фарҳангӣ доранд, бисёр хирадмандона ва аз рӯи дипламатияи  баланди шаффоф муносибат мекунанд.
   Дар он ҷое , ки  дониши баланди дипломатӣ  ҳукмрон  бошад, авомили баде, чун тафриқаи мазҳабӣ, қавму миллатгароӣ, ирқу  нажодпарастӣ  вуҷуд надорад. Аз тарафи дигар, пазируфтану қабул  гардидани ин ҷашн эҳтиром ва арҷгузории ҷониби Аврупоро ба манотиқи  Осиё дарак медиҳад. Омилҳои  ба ҳайси ҷашни  ҷаҳонӣ пазируфтани  Наврӯз  гуногунанд, аз ҷумла:
  • Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба  фарҳанги бонуфузи қадими ориёӣ.
  • Ташхису тадқиқи ҷанбаҳои  гуногуни таърихию маънавии бахусус  тоҷикон, ки мероси пурѓановати сиёсӣ  доранд, чун давлатдории  Сомониён, илмие, ки доранд, чун осори баландпояи  Берунию Абӯалӣ Ибни Сино, Хайём,  Ҳофиз, Фирдавсӣ , Носири Хусрав, Закариёи Розӣ ва   Бедил, ки  заминаҳои  зиёди  пешрафти Аврупоро ба вуҷуд овардаанд.
  • Эҳтиром ба се асли  ахлоқии Зардушт, чун пиндор, рафтор, ва  кирдори  нек, ки  покию меҳнатқаринӣ ва  ҳифозати маънавии инсонро  дар бар мегирад.
  • Ягонагии иҷтимоӣ- сиёсӣ ва равонии мардуми гуногунро фароҳам меоранд. Миллатҳо бо  якдигар наздиктар мешаванд.
  • Эҳёи табиат ва омадани фасли зебоӣ, яъне баҳорро ҷашн мегиранд.
  • Решаҳои кӯҳани илмию таърихӣ доштани Наврӯзро дар  минтақаҳои Осиёи  Миёна , ки  дар заминаи  системаи  тақвимӣ, яъне  календарии Хайёму Берунӣ  Наврӯз бо далоили илмӣ  собит карда  шуд.
Саидҷафарова Парвина
номзади илмҳои фалсафа,
Котиби илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia