Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рузи 24 майи соли 2024, аз соати 10:00 то 17:00 дар толори Президиуми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 100-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Мушкилоти фарҳанги муосири бадеии тоҷик» баргузор менамояд.
Дар мизи мудаввар масоили зерин баррасӣ мешавад:
*Усул ва методологияи таҳқиқи фарҳанги бадеӣ;
*Проблемаҳои фалсафӣ ва эстетикии ҳунарҳои зебои муосири миллӣ
*Истиқлолият ва тафаккури нав дар санъати тоҷик;
*Проблемаҳои театр, кино, телевизион, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, рақс, меъморӣ ва ѓайра;
*Фарҳанги муосири бадеӣ ва сиёсати давлатии фарҳанг;
*Дин ва фарҳанги бадеии кишвар;
*Ҷомеашиносии фарҳанги бадеии муосири тоҷик;
*Иштироки занон ва ҷавонон дар рушди санъат;
*Вазъияти эҷодиёти шифоҳии халқ;
*Ҳамгироии фарҳанги бадеии миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ;
*Субкултура (фарҳанги хурд) дар Тоҷикистон;
*Анъана ва навовариҳо дар фарҳанги бадеии муосири кишвар;
*Мушкилоти ҳифзи мероси бадеӣ барои наслҳои оянда;
*Мушкилоти ташаккули шахсияти эҷодкор; фарҳанги «худӣ» ва «бегона»;
*Аз худ кардани мероси фарҳангии миллати дигар;
*Чаро зиёиёни тоҷик рисолати хешро иҷро намекунанд;
*Вазъияти фарҳанги бадеӣ дар вилояту ноҳияҳо ва дигар мавзуъҳои мубрам.
Талаботи пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- саҳифаи андозааш А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз чор тараф рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи - 14 мм;
- сатри якум- насаб, ном ва номи падари муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор;
- сатри дуюм - номи мақола БО ҲАРФИ КАЛОН бо баробари матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм- матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шавад, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи АДАБИЁТ оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, дар шакли [2,15] омода карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;
- ҳаҷми матни мақола набояд аз 8 саҳифа бо иловаи расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти истифодашуда зиёд бошад.
Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 10 майи соли 2024 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забонҳои кории чорабинӣ тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.
Дар анҷоми мизи мудаввар баҳси умумӣ дар назар аст.
Суроға ва иртибот бо таъсисдиҳандагони мизи мудаввар: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи. А Баҳоваддинови АМИТ, Шуъбаи фалсафаи фарҳанг. Масъулон: Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., тел.: +992 934 599 163; Зиёева Зебонисо; This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., +992902 00 00 26; Ҷангибекова Садаф Исломбековна: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., тел: +992 935141672.