casino malaysia
casino malaysia
Масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат

wrapper

    Дар васоити таълимӣ масоили мафҳум, мавзуъ ва мазмуни падидаҳои давлат ва ҳуқуқ, пайдоиш ва рушди давлат, шакл ва функсияҳои давлат, мафҳум, моҳият, сарчашма ва соҳаҳои ҳуқуқ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд.
  Мавзуи баҳсро масоили мубрам ва муҳимтарини назарияи умумии давлат ва ҳуқуқ ташкил медиҳад.
  Дар китоб ба таври васеъ аз адабиёти илмӣ ва таълимии фанни мазкур, ки аз тарафи муҳаққиқони Русия ва кишварҳои наздику дури хоричӣ таълиф гардидаанд, истифода шудааст.
  Китоб ба сифати дастури таълимӣ барои донишҷуёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - магистратура ва докторантураи ихтисос (PhD), аспиранту унвонҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ тахия шудааст. Инчунин китоб барои касоне, ки ба масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат мароқ доранд, пешниҳод мегардад.

Буризода Э.Б. Масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат / Муҳаррири масъул, д.и.ҳ. Зоир Ҷ.М. Нашри 3. - Душанбе: “Дониш”, 2022. -209 с.
 
Муқарризон:
Доктори илмҳои ҳуқуқ  Назарзода Н.Ҷ.
Номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҳамроев Ш.С.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia