casino malaysia
casino malaysia
Паёми табрикотии маъмурияти Институт ба муносибати рӯзи Модар

wrapper

  Маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ  бонувон - олимаҳои  муассисаҳои илмӣ ва дар симои онҳо ҳамаи занону  модарони тоҷикро бо  иди  “Рӯзи бонувон”  табрик  таҳният намуда, ба онҳо саодати комил, саломатӣ ва рӯзҳои пуриқболро  таманно дорем. Бигзор, меҳру муҳаббати онҳо ҳеҷ гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ҷангу хунрезӣ, ки аз ғурури нобаҷо ва таассубу ҷаҳолати инсонӣ рӯйи кор меояд, тавассути оби раҳмату муҳаббат ва самимияту отифати занону модарон абадан хомӯш гардад.

     Шеъри тозаэҷоди  Аҳмад Фозилов, муовини директор оид ба корҳои умумии Институт, ки Рӯзи модарон бахшида шудааст, ба хонандаи мӯҳтарам  пешниҳод мегардад:

ЁДИ  МОДАР
Чаро модар намеоӣ ба суям,
Ба пешаш розҳоямро бигӯям.
Нишинам ҳамчу соя дар бари ӯ,
Зи рухсораш ба мисли гул бибуям.
Кашам оҳе чу булбул зору нолон,
Ба оҳе гарди ғамҳоро бишӯям.
Ҳамеша меҳри модар дар дили ман,
Куҷо дигар чунин меҳре биҷӯям.
Шудам ҳайрон ба дасти хайрхоҳаш,
Ҳама меҳру муҳаббат дар ту дидам.
Аё модар аё модар куҷоӣ,
Ба зери хоки поят гулҳо фишонам.

 

 Маъмурияти  ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia