casino malaysia
casino malaysia
Мукофоти давлатӣ ба олими маъруфи тоҷик Содиқӣ Насиба Нурулло муборак бошад!

wrapper

  Дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва  сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  профессор, доктори илмҳои  фалсафа Содиқӣ Насиба Нурулло, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гаштанд, ки боиси фараҳмандӣ ва  ифтихори  ҳайати кормандон  ва ходимони илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ гардид.
  Содиқӣ Насиба Нурулло бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”   қадрдонӣ гаштанд,   ки ӯро ба муносибати ин руйдоди фараҳбахшу  аз номи Роҳбарияти  Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ   самимона табрику муборакбод менамоем!!!
 Содиқӣ Н.Н. дар рушди илми фалсафа  дар Тоҷикистон  дар даврони Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузоштааст ва зери роҳбарии  ӯ даҳҳо унвонҷуён  рисолаҳои номзадӣ ва докториро  аз руи ихтисоси фалсафа  бомуваффақият дифоъ кардаанд. Доктори илмҳои  фалсафа  Содиқӣ Насиба Нурулло то имрӯз  ҳамкории илмӣ ва машваратиро бо Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ идома доранд  ва идеали пайравӣ барои  бонувон ва духтарони  муҳаққиқ мебошад. Мукофоти давлатӣ ба олими соҳибмактаб ва бонуи сиесатмадори тоҷик  Содиқӣ  Насиба Нурулло муборак бошад!!!
 
 Маъмурияти ИФСҲ ба
 номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia