casino malaysia
casino malaysia
Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон - сарчашмаи  фалсафа  ва маърифати ҳаёт

wrapper

  Ҳайати кормандон ва ходимони илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  ба номи  А. Баҳоваддинови АМИТ дар оғози моҳи феврали 2021  дар ҷаласии умумии  муассиса  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди омӯзиш ва баррасии илмӣ қарор доданд. Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса Назар  М.А. ҳусни оғоз бахшид ва қайд намуд,ки  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда мебошад.
   Муовини директори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  ба номи  А.Баҳоваддинови АМИТ  Ҳайдаров Р.Ҷ. дар   суханронии худ ҳамчунин қайд намуданд,ки чун анаъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта,  дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро  аст, ки бо воситаи он мавқеи   сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиесати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст,ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиесати муосири давлат хеле бузург аст. Доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Р.Ҷ. ҳамчунин тазаккур дошт, ки аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат  нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.
  Суханронии  узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ,профессор Раҳимзода М.З. ба   таҳлили масоили ҳуқуқии Паём бахшида шуд. Мавсуф зикр намуданд, ки ҳамасола таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб меафзояд ва метавон Паёмро барномаи кору амал ва зиндагии тамоми шаҳрвандон  Тоҷикистон номид.
   Доктори илмҳои ҳуқуқ,профессор Буризода Э. дар суханронии худ қайд  намуд,ки Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, аз ҷониби ҳуқуқшиносон ҳамчун омили  рушди ҷомеаи қонунмеҳвар эътироф шудааст. 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia