casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди ҳафтум

  Осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар ин ҷилди Осори ў ба хонанда пешниҳод карда мешавад, аз рисолаҳои «Ҷадал», «Хитоба», «Суфастоӣ» ва «Фанни шеър», ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи «Китоб-уш-шифо» ба шумор мераванд, иборат аст. Боиси шодмонист, ки аз нигоҳи аҳамияти илмӣ ва фарҳангии ин рисолаҳо ва назариёти мантиқӣ-гносеологии дар онҳо дарҷёфта то ҳанўз арзиши худро аз даст надодаанд. Муҳимтарин арзиши ин осор иборат аз он аст, ки дар он раванди ҳаракати ақлонии фикр аз таваҳҳумот ба сўи ҳақиқат, роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо, сафсатаву суханбозиву фиреб, дурўғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, нишон дода мешавад. Муфассал ...
Хондан 398 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ)

  Дар китоби мазкур таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, ки кормандони Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анҷом додаанд, инъикос гардидааст. Муаллифон хулосаҳои хешро дар асоси таҳлили амиқи афкор доир ба инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Муфассал ...
Хондан 327 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Номаи иттилоотӣ

  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Мероси илмӣ-табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии Абурайҳони Берунӣ ва саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор менамояд. Конференсияи мазкур бахшида ба 1150-солагии ин мутафаккир-энсиклопедисти бузурги Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар конференсия маърузаву мақолаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ (астрономия, география, геодезия, минералогия ва ѓ.), фалсафа, адабиёт, этнография, фарҳанг ва ғайра, аз ҷумла дар мавзуъҳои зерин баррасӣ мешаванд: Муфассал ...
Хондан 366 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Иди Зафар – Рӯзи Ғалаба муборак!

  Ҳамкорони муҳтарам, дӯстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз Идҳои бузурги таърихӣ – Иди Ғалаба қабул намоед!
  Воқеан, 9 май-Рӯзи Ғалаба бар фашизм «ид бо ашки шодӣ», пирӯзии ватандӯстӣ мебошад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз Тоҷикистон 300 ҳазор (4/1 аҳолии ҷумҳурӣ) иштирок доштанд, ки 92 ҳазори онҳо абадан дар майдони ҷанг монданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 55 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба ордену медал, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар ба се ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Муфассал ...
Хондан 437 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia