КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «СИЁСИШАВИИ ДИН ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ ФАРҲАНГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ
Имрӯз 26 майи соли 2026 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Сиёсишавии дин ва хатари он ба амнияти фарҳангӣ ва суботи ҷомеа» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, коршиносони соҳаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба таъсири сиёсишавии дин ба амнияти фарҳангӣ, суботи иҷтимоӣ ва таҳкими арзишҳои дунявӣ бахшида шуд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз гардида, зимни баромади худ аҳамияти таҳқиқи илмии равандҳои муосири сиёсишавии дин, пешгирии таҳдидҳои идеологӣ ва тақвияти суботи ҷомеаро ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ арзёбӣ намуданд.
Сипас, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таъкид намуданд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ омӯзиши равандҳои динӣ, таҳлили илмии муносибатҳои дин ва давлат, инчунин арзёбии хатари радикализму ифротгароӣ барои ҳифзи амнияти фарҳангӣ ва суботи ҷомеа аҳамияти махсус касб менамояд
.Дар қисмати илмии конференсия олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо маърузаҳои илмӣ ва таҳлилӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, академики АМИТ Кароматулло Олимов дар мавзуи «Мулоҳизаҳо пиромуни баҳси дунявӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор С. Ахмедов дар мавзуи Шуури миллӣ ва диннӣ ва таносуби онҳо ва доктори илмҳои фалсафа Ғ.Ҷ. Мирзоев дар мавзуи «Секуляризми исломӣ ва назари он ба масъалаи ҷудоии дин ва давлат», муҳаққиқи хориҷии институт Башир Азизӣ дар мавзуи «Исломи сиёсӣ ва бозтоби он дар хушунат алайҳи занон», маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Ҳамзамон, дар кори конференсия олимони хориҷӣ низ фаъолона иштирок доштанд. Профессор А. Саиткасимов аз Донишгоҳи давлатии педагогии Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи «Моҳияти иҷтимоӣ-сиёсии радикализми динӣ ҳамчун таҳдиди глобалии замони муосир» ва муҳаққиқ Е. Қасабекова аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Асосҳои таърихии анъанаҳои динии қазоқҳо» доир ба ҷанбаҳои муҳими масъалаҳои динӣ ва иҷтимоӣ андешаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Дар бахши музокирот иштирокчиён масъалаҳои мубрами вобаста ба сиёсишавии дин, таҳдидҳои идеологӣ, радикализми динӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, муносибатҳои давлат ва дин, инчунин роҳҳои таъмини суботу ваҳдати ҷомеаро мавриди муҳокима ва таҳлил қарор доданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши мубодилаи афкори илмӣ, рушди таҳқиқоти фалсафию сиёсӣ ва омӯзиши амиқи масъалаҳои марбут ба амнияти фарҳангӣ ва суботи ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Конференсия дар фазои илмиву таҳлилӣ, мубоҳисавӣ ва созанда баргузор гардида, ҳамчун як чорабинии муҳим дар самти таҳкими тафаккури илмӣ, рушди таҳқиқоти фалсафаи дин, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии ҷомеа арзёбӣ гардид
