Skip to main content

ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҶОМЕАШИНОС»-И КИИ «ХИРАДМАНДОН» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷомеашинос»-и КИИ «Хирадмандон» баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлис Раиси ташкилоти ибтидоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бо маърузаи ҳисоботӣ баромад намуда, фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар маърузаи худ ӯ ба масъалаҳои таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иштироки фаъолонаи аъзоён дар чорабиниҳои илмӣ-ҷамъиятӣ ва саҳми ташкилот дар рушди тафаккури иҷтимоиву сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин муовини Раиси ҳизби «Хирадмандон» Қурбонова Ширин иштирок ва суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Ҷомеашинос»-ро мусбат арзёбӣ кард. Ӯ саҳми муассири олимону кормандони Институтро дар пешбурди ғояҳои ҳизб, тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Аъзоёни ҳизб зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, вобаста ба такмили фаъолияти минбаъда, ҷалби ҷавонон, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо сохторҳои илмӣ андешаҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷомеашинос»-и КИИ «Хирадмандон» қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои густариши минбаъдаи фаъолият ва иҷрои вазифаҳои дар пешистода қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123