«ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН» — КИТОБИ НАВБАТИИ НАЗРИ ЯЗДОНӢ
Нашри чоруми “Ҳикмати озодагон” дар ҳаҷми панҷсаду шаст саҳифа аз ҷониби Сарредаксияи Инсклопедияи Миллии Тоҷик нашр гардид.
Ин китоб асолати миллӣ ва хештаншиносии миллиро дар масири тамаддуни ориёӣ ба таҳқиқ гирифтааст. Дар ин нашр хусусан сӯи тафоҳумҳо ва таҳрифҳое, ки аз ҷониби миллатгароёни фашистӣ ва файласуфони немис ба монанди Ф. Ниче, ки дар китоби “Чунин гуфт Зардушт” ба манфиатҳои фашистӣ истифода кардаанд, муфассал ва бунёдӣ, аз назари тақозои академӣ танқиду ошкор шудааст.
Китоб саргузашти давлатдорӣ ва тамаддуни ориёнӣ ва тоҷикиро дар харитаҳои ранга, албоми мавзу ба мавзу мусаввар мекунад, чеҳраи тоҷикони дунё нишон дода шудааст ва харитаи давлатдории Сафориён, Яфталиён, Кушониён, Ҳахоманишиниён, Сосониён, Сомониён, Тоҳириён, Ашкониён, Ғуриён айниву возеҳ оварда шудааст.
Бояд ёдовар шавем, ки китоби мазкур дар партави пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолаашон эълон карда буданд: тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз ва бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, рӯи чоп омадааст.
Назри Яздонӣ, ки худ солҳои зиёд дар масъалаи тамаддуни ориёӣ пажӯҳишу таҳқиқ мебарад, дар ҷустуҷӯҳои илмиаш кӯшидааст, ки тамаддуни ориёиро аз ҳуҷуми дарюзаҷӯёни фарҳангу хирад наҷот диҳад ва дар асоси додаҳои илмӣ исбот кардааст, ки тоҷикон меросбари маънавии тамаддуни ориёно ҳастанд.
Ин ҳама пажуҳишҳои Назри Яздонӣ аз он сарчашма мегиранд, ки ҳануз дар замони Шӯравӣ барои пажуҳиши фарҳанги ниёгон ба Иниститути Фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ омада, ҷиддан ба таҳқиқ фаро мегирад. Шуъбаи фалсафаи фарҳанг макони пажуҳишии Яздонӣ мегардад ва мавсуф дар ин тадқиқоти бунёдӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст, ки эътирофи олимони ватанию хориҷ гардидааст.
