ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ФАРД - СУТУНҲОИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ
Дар замони муосир экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддие маҳсуб мешаванд, ки амнияти фард, ҷомеа ва давлатро зери хатар мегузоранд. Ин ду падида, бо вуҷуди тафовутҳои шаклӣ, дар асл ду рӯйи як тангаанд.
Ҳадафи ниҳоии онҳо ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва густариши тарсу ҳарос дар байни мардум аст. Экстремизм ё ифротгароӣ ин майл ба ақидаву амалҳои тундравона, таассуби шадид дар эътиқод ва инкори меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеа мебошад.

Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз, макони мардони қавӣ, ҷавонмардони бо ору номуси миллат ва модарону хоҳарони боиффат мебошад, ки барои ободии он онҳо меҳнату заҳмати зиёде кашидаанд.