Skip to main content

ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ФАРД - СУТУНҲОИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддие маҳсуб мешаванд, ки амнияти фард, ҷомеа ва давлатро зери хатар мегузоранд. Ин ду падида, бо вуҷуди тафовутҳои шаклӣ, дар асл ду рӯйи як тангаанд.

Ҳадафи ниҳоии онҳо ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва густариши тарсу ҳарос дар байни мардум аст. Экстремизм ё ифротгароӣ ин майл ба ақидаву амалҳои тундравона, таассуби шадид дар эътиқод ва инкори меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеа мебошад. Терроризм бошад, шакли ниҳоии зуҳури ифротгароӣ буда, бо истифода аз зӯроварӣ ва амалҳои харобиовар мехоҳад ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ёбад.

Бо назардошти таъсири манфии экстремизм ва терроризм, муқовимат ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Маҳз аз ҳаминҷост, ки кишвари мо бо мақсади таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мубориза бо ин ваборо дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз пайваста таъкид менамояд, ки мубориза бо терроризм набояд хусусияти «духӯра» дошта бошад. Ин талошҳо дар сатҳи миллӣ тавассути такмили қонунгузорӣ ва амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ пайгирӣ мешаванд.

Муҳим аст, ки мо ба ин масъала аз дидгоҳи системаи таъмини амнияти миллӣ назар андозем. Тибқи ин равиш, таъмини амнияти фард, ҷомеа ва давлат танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ нест. Системаи мазкур маҷмуи муносибатҳои мутақобилаи ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фардҳоро дар бар мегирад.

Дар ин раванд, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ калидист. Онҳо ҳамчун пули иртиботӣ ва василаи муҳимми тарғиби арзишҳои миллӣ, боло бурдани шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ мебошанд, ки фазои солими маънавиро дар кишвар ҳифз менамоянд. Маҳз ҷомеаи шаҳрвандӣ қодир аст ҷавононро аз гароиш ба мафкураи бегона боздошта, онҳоро мутамин намояд, ки фарҳанг ва арзишҳои азалии тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ бо зӯроварӣ созгор нестанд.

Дар баробари ин, фард ҳамчун элементи асосӣ ва марказии системаи таъмини амнияти миллӣ баромад мекунад. Маҳз аз ҳушёрӣ ва мавқеи устувори ҳар як шаҳрванд устувории тамоми ин система вобастагӣ дорад. Фард на танҳо объекти ҳимоя, балки субъекти фаъолест, ки бо рафтору кирдори худ метавонад садди роҳи паҳншавии идеологияи харобиовар гардад. Бе иштироки фаъолона ва бошууронаи ҳар як шахс, ҳатто мукаммалтарин механизмҳои давлатӣ наметавонанд ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро кафолат диҳанд.

Маҳз аз ҳамин ҷо зарурати рушди шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавон, бармеояд. Шуури сиёсӣ ин дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва ҳисси масъулият дар назди ватан аст. Маданияти сиёсӣ бошад, тарзи муносибати бошуурона ба қонунҳо, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарандеширо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар бар мегирад. Танҳо шахсе, ки дорои маданияти баланди сиёсӣ аст, метавонад равандҳои мураккаби сиёсию геополитикиро дуруст дарк намуда, фирефтаи шиорҳои бардурӯғ нагардад.

Дар шароити имрӯза «зиракии сиёсӣ» аҳаммияти дучанд пайдо мекунад. Ин танҳо донистани сиёсат нест, балки қобилияти фарқ кардани душман аз дӯст ва ташхиси ҳадафҳои пинҳонии гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Шахси дорои зиракии сиёсӣ ба иттилооти шубҳанок ва таблиғоти бардурӯғи фазои интернетӣ бовар намекунад. Ӯ пеш аз паҳн кардани ҳар гуна хабар, оқибатҳои онро барои субот ва оромии ҷомеа месанҷад. Танҳо бо доштани чунин сифатҳои волои фардӣ метавон дар муқобили таҳдидҳои замон устувор монд.

Ҳамин тариқ, мубориза бо экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Таъмини ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ ба системаи воҳиде шабоҳат дорад, ки дар он давлат, ҷомеа ва фард ҳамчун унсурҳои пайваста иртиботкунанда баромад мекунанд.

Дар ин замина, давлат фароҳамсози заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвиятбахши арзишҳои маънавӣ буда, шууру маданияти баланд ва зиракии сиёсии ҳар як фард ҳамчун заминаи асосии суботу оромии ҷомеа хизмат менамояд.

Муродов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФС АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123