ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
4 сентябри соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тағъйирпазирии системаи сиёсии ҷомеа ва таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба он», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ махсусан, равандҳои тағъйирёбии системаи сиёсии ҷомеа, ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, рушди давлатдории миллӣ ва равандҳои иҷтимоию сиёсии муосир бахшида шуд.
Конференсияро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. ифтитоҳ намуда, аҳаммияти омӯзиши тағйироти системаи сиёсии ҷомеа ва таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба рушди давлатҳои муосирро таъкид кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Таъсири ҷанги Ховари Миёна ба равандҳои интегратсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ» маърӯза намуда, таъсири таҳаввулоти геополитикии муосирро ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа баррасӣ кард.
Дар идома номзади илмҳои фалсафа Саидов Н.Ш. дар мавзуи «Равандҳои ҳамгироӣ ва таъсири он ба низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони муосир» суханронӣ карда, нақши ҳамгироии байналмилалиро дар шароити тағйирёбии низоми ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамчунин, номзади илмҳои сиёсӣ Бедилзода Ҳ.К. масъалаи нақши равандҳои ҳамгироӣ дар ташаккули системаҳои сиёсии замони муосирро баррасӣ намуда, номзади илмҳои сиёсӣ Муродов С.А. дар мавзуи ташаккул ва такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуд.
Дар идомаи конференсия масъалаҳои нақши роҳбарии сиёсӣ дар равандҳои тағйироти иҷтимоию сиёсӣ, манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин рушди демографии кишвар дар солҳои истиқлолият мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин самт Ким В.М., Шозедов Х. ва Раҳимова Ш.А. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Яке аз самтҳои муҳими конференсия ба ҷавонон ҳамчун неруи муҳими иҷтимоӣ ва сармояи инсонии кишвар бахшида шуд. Унвонҷӯи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Зокирзода З.Н. дар мавзуи «Ҷавонони Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ: маориф, мобилӣ ва дурнамои рушд» маърӯза намуд.
Дар маърӯза нақши маориф дар ташаккули сармояи инсонӣ, рушди имкониятҳои таълимӣ, таҳсилоти байналмилалӣ ва мобилии таълимии ҷавонон, инчунин дурнамои иштироки насли ҷавон дар равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмӣ, касбӣ ва таълимии ҷавонон яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, маърӯзаҳои пешниҳодшуда масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ махсусан, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироии минтақавӣ, давлатдории миллӣ ва рушди иҷтимоию демографиро фаро гирифта, барои таҳлили равандҳои муосири сиёсӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳими илмӣ фароҳам оварданд.
Баргузории конференсия дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳими илмӣ ва ҷамъиятӣ дошта, барои омӯзиши таҷрибаи давлатдории миллӣ, таҳлили равандҳои сиёсиву иҷтимоии даврони истиқлолият ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муҳокимаи маърӯзаҳо баргузор гардида, иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ, равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, рушди давлатдории миллӣ ва нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.
