Skip to main content

МУСОБИҚАИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ МИЁНИ ОЛИМОН ҶАВОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мусобиқаи шашка ва шоҳмот оғоз гардид.

Рафти мусобиқаи мазкур аз ҷониби директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод назорат карда шуда, ба иштирокчиён нозукуҳои бозии мазкур фаҳмонида шуд.

Мақсад аз баргузор намудани бозиҳои мазкур, ин пеш аз ҳама малакаи зеҳнии олимони ҷавон боло бурдани дӯстиву рафоқатро боз ҳам мустаҳкам гардонидан аст.

Мусобиқаи шашка ва шоҳмот дар арафаи "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123