Skip to main content

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ «САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 13 ноябри соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар роҳбарият, ходимони илмӣ, муҳаққиқони ҷавони Институт ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ инъикоси ҷойгоҳ ва нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлати соҳибистиқлол ва боло бурдани мақому манзалати байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Мизи мудавварро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи
«Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот» суханронӣ кард. Дар маърӯзаи худ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таъкид намуд, ки маҳз раҳнамоии оқилона ва сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, заминаи мустаҳками рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фароҳам овард.

Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Саидов Н.Ш. бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷашни бузурги давлатдории миллӣ» баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки ин рӯз на танҳо рамзи эҳтиром ба шахсияти Пешвои миллат, балки ифодаи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва истиқлолияти комил мебошад.

Дар идомаи барнома, мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Бедилзода Ҳ.К. дар мавзӯи
«Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат» суханронӣ намуда, нақши Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми Пешвои миллатро дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили амнияти об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм ва таҳкими суботи минтақавӣ мавриди таҳлил қарор дод.

Баъдан, ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ Зиёзода Н.И. бо маърӯзаи илмии худ дар мавзӯи «Нақши иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» суханронӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки иҷлосияи таърихӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави давлатсозии тоҷикон сабт гардида, дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ҷавон ва ватандӯст барои наҷоти давлатдорӣ ва барқарории сулҳ масъулияти таърихиро бар дӯш гирифтанд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ иштирокчиён зикр карданд, ки Рӯзи Президент таҷассумгари эҳтиром ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар барқарорсозии давлат, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати пешрафта, сулҳдӯст ва соҳибэҳтиром дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Баъд аз анҷоми қисми расмии мизи мудаввар, бо рӯҳияи баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ аксияи маърифатӣ ва ватандӯстона таҳти унвони «Пайрави Пешвои миллат бошем!» баргузор гардид. Иштирокчиён бо ибрози садоқат ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдат ва сулҳи тоҷикон изҳор доштанд, ки идомадиҳандаи роҳи созандагӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123