Skip to main content

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 28 ноябри соли 2025, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро раиси Шурои олимони Институт, доктории илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати иштирок изҳори минатдорӣ намуд.

Сипас, раиси Шурои иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон шинос намуд. Дар рафти ҷаласа, масъалаҳои муҳокима ва тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадиимагистрантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва роҳбарони илмии онҳо, оид ба тавсия ваншри корҳои илмию таҳқиқотӣдар соли 2025 барассӣ шуданд

Шурои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ фаъолияти илмиву ташкилотиро бо риояи меъёрҳои таҳқиқоти академӣ ба роҳ монда, барои рушди илмҳои гуманитарӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва дастгирии олимони ҷавон саҳми назаррас мегузорад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123