ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ
Дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” санаи 07 апрели соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмиву назариявӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардид.
Конференсияро Муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда, зимни сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар рушди тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқон махсус таъкид намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқон ва баррасии масъалаҳои мубрами илми фалсафа, фарҳанг ва сиёсатшиносӣ дар шароити ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.Дар ҷараёни конференсия як қатор олимон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Аз ҷумла, Назариев Р.З. дар мавзуи «Нақши забони осори бузургон дар ҳувияти миллии тоҷикон» баромад намуда, ҷойгоҳи забонро ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ арзёбӣ кард.Ҳамзамон, Шамсов М.С. дар мавзуи «Худшиносии миллӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти миллӣ дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ» баромад намуда, аҳаммияти андешаҳои ахлоқӣ ва ирфониро дар ташаккули шахсияти инсон таъкид намуд.
Ҳамчунин, Раҳматуллоев Н. дар мавзуи «Бозтоби арзишҳои ориёӣ-тоҷикӣ дар тамаддуни исломӣ» маъруза намуда, пайванди таърихии арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломиро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идома, Мирзоев Ғ.Ҷ. дар мавзуи «Муносибати байниҳамдигарии фалсафа ва дин дар фарҳанги тоҷик» баромад намуда, робитаи мутақобилаи ин ду унсури муҳими маънавиро шарҳ дод.Дар охир, Усмонова З.М. дар мавзуи «Искусство как поле философской рефлексии в современном мире» баромад намуда, нақши санъатро ҳамчун василаи муҳими дарки фалсафии воқеият дар ҷаҳони муосир арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои густариши тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд. Зикр шуд, ки натиҷаҳои конференсия дар шакли мақолаҳои илмӣ ба нашр расида, барои рушди минбаъдаи илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ мусоидат хоҳанд кард.
