Skip to main content

ҶОЙГОҲИ БОНУВОН ДАР НИЗОМИ ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Таҳти чунин унвон дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-наазариявӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии нақш ва мақоми бонувон дар ҳифз, рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ арзёбӣ гардид.

Дар кори семинар роҳбарият ва кормандони институт, Раиси собиқадорони ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Қурбонова Руқия Атоева ва сарходими илмии Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бонувон ҳамчун нигаҳдорандагони арзишҳои маънавию фарҳангӣ дар ҷомеа нақши калидӣ дошта, саҳми онҳо дар тарғибу ташаккули фарҳанги миллӣ, ҳифзи анъанаҳои неки ниёгон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ назаррас мебошад. Қайд карда шуд, ки сиёсати иҷтимоии давлат, бахусус ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар анҷоми семинар пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ мунтазам баргузор гардида, барои густариши таҳқиқот дар самти нақши зан дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа муфиданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123