БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ИЛМӢ
Имрӯз 16 сентябри соли 2025, дар доираи густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотии байналмилалӣ, вохӯрии расмӣ ва музокироти судманд байни намояндагони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносии Кумитаи илмии Вазорати илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо масоили муҳими рушди таҳқиқоти илмии муосир дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва диншиносӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ, табодули иттилооти илмӣ ва баргузории чорабиниҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, масъалаи таҳия ва имзои ёддошти тафоҳум (меморандум) оид ба ҳамкорӣ миёни ду муассиса матраҳ гардид, ки дар доираи он:
-
баргузории конференсияҳои байналмилалӣ ва мизҳои гирд;
-
нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии якдигар;
-
ташкили барномаҳои табодули илмӣ ва стажировка барои муҳаққиқон ва донишҷӯён;
-
таҳқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ ва сиёсӣ пешбинӣ мегардад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён карданд. Қарор шуд, ки дар ояндаи наздик гурӯҳи кории байниинститутсионӣ барои пайгирӣ ва иҷрои бадҳои ёддошт оид ба ҳамкорӣ таъсис дода шавад.
Ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар роҳандозии робитаҳои устувори илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба рушду тавсеаи тафаккури илмии минтақавӣ ва таҳкими муколамаи фарҳангиву илмӣ мусоидат намояд.
