ОМИЛҲОИ ГЕНДЕРӢ ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфии иҷтимоӣ-сиёсӣ таърихи тулонӣ дорад. Вобаста ба ҳар марҳилаҳои таърихӣ зуҳуроти коррупсионӣ ҷанбаҳо ва хусусиятҳои нав ба худ касб мекунад. Дертар коррупсия маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани ваколатҳои хизматиро пайдо намуд. Сиёсатшиноси итолиявии асри миёнагӣ Николло Макиавели коррупсияро ҳамчун истифодаи ваколатҳои мансабӣ ба тобеъ намудани манфиатҳои шахсӣ маънидод кард.

Истиқлол – ин диди нав, тафаккури нав нисбат ба халқ, давлат, миллат, фарҳанг ва озодиҳои ҳар як инсон аст, ки намояндагӣ аз он давлат, сарзамин ва тамаддун мекунад. Диди нав бошад, – ин шинохти масъулият назди худ, миллат, забон, фарҳанг, дар назди наслҳои оянда мебошад. Диди нав барои насли имрӯзи тоҷик зодаи Истиқлол аст.