casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Илми мантиқро дастгирӣ мебояд

  Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ боиси он гардид, ки дар ҳаёту фаъолияти ҷавонон пешравиҳои назаррас дар соҳаи технологияи инноватсионӣ (компютерҳо, телефонҳои мобилӣ), баръало мушоҳида мешаванд. Лекин, пеш аз ҳама, аз сабаби рӯ ба таназзул ниҳодани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаю  донишгоҳҳо сатҳи таълиму тарбия паст шудааст. Яке аз омилҳои коста шудани сифати таълим ин паст будани тафаккури эҷодии ҷавонон аст. Алҳол ҷавонон побанди компютеру, телефону, ҳисобкунакҳои электронӣ шуда, мустақилона фикр карданро фаромӯш кардаанд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавоби тайёрашро аз интернет пайдо намоянд. Албатта, ин кори хуб нест. Донишҷуён, ҷавонон, ки онҳо ояндаи миллатанд, бояд роҳҳои дурусти андешаю фикррониро ёд гиранд. Муфассал ...

Истиқлолият ва фарҳанги миллӣ: ҳамкориҳои илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва академик А.А.Семёнов дар самти омӯзиши осори таърихиву фарҳангии тоҷикон

 Чанде пас халқи тоҷик синни камолоти Истиқлоли давлатиии халқу миллат, яъне сисолагии ба даст овардани ин неъмати бебаҳо-истиқлоли миллӣ ва давлатиро бо тантана қайд мекунад ва гиромӣ медорад. Дар ин 30 соли зиндагӣ дар фазои озодӣ, адами вобастагӣ аз дигарон миллати мо воқеан ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки аҳамияти бисёре аз дастовардҳоро наслҳои минбаъдаи халки мо дар ҳушу ёд, пусту устухон ва мағзу набзи худ ба хубӣ эҳсос хоҳанд намуд. Дар ин давра бо вуҷуди маҳрумиятҳои вуҷудӣ дар замони ҷанги таҳмилӣ миллати тоҷик дар баробари муваффақиятҳои беназир дар соҳаҳои саноату сохмон, энергетика, роху чодахои нав, кишоварзиву беҳдошти сиҳҳати омма ва мактабу маориф, дар нигоҳдошт ва бузугдошти осори фарҳангиву илмии худ ба сатҳи балантаре аз гузашта расидааст, ки дар ин кор саҳми аҳли илми ҷумҳурӣ хеле пурарзиш аст. Муфассал ...

Ҳасад аз унсурҳои ахлоқи разила (дар асоси «Тибби рӯҳонӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розӣ)

 Муҳаммад Закариёи Розӣ (1Х-Х) аз қабили  бузургтарин донишмандон ва симои намоёни афкори фалсафӣ, тиббӣ ва ахлоқии мардуми Шарқ мебошад. Ӯ дар баробари ҳаллу фасли масоили фалсафӣ боз аз пешвоёни илми тиб ва ахлоқ буд, ки дар ин боб асарҳои зиёде таълиф намудааст.
 Ҷавҳари таълимоти Закариёи Розиро ахлоқ ташкил додааст, ки онро тибби рӯҳонӣ номидааст, яъне  масоили ахлоқӣ бо тибби амалӣ дар иртибот ва вобастагӣ ба ҳам баёноти худро ёфтаанд. Китоби «Тибби рӯҳонӣ»-и ӯ бештар ахлоқӣ буда, дар он аксар ахлоқи замимаи  инсонҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, аз лиҳози иҷтимоӣ онҳоро мавриди муҳокима қарор додааст.
  Муҳаммад Закариёи Розӣ самту тамоилҳои мухталифи фазилатҳо ва разолатҳои ахлоқи инсониро дар муқоиса бо ҳам дида баромада, иллати зуҳурёбии онҳоро хеле моҳирона ба хонанда ошкор месозад. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia