casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолият ва фарҳанги миллӣ: ҳамкориҳои илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва академик А.А.Семёнов дар самти омӯзиши осори таърихиву фарҳангии тоҷикон

wrapper

 Чанде пас халқи тоҷик синни камолоти Истиқлоли давлатиии халқу миллат, яъне сисолагии ба даст овардани ин неъмати бебаҳо-истиқлоли миллӣ ва давлатиро бо тантана қайд мекунад ва гиромӣ медорад. Дар ин 30 соли зиндагӣ дар фазои озодӣ, адами вобастагӣ аз дигарон миллати мо воқеан ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки аҳамияти бисёре аз дастовардҳоро наслҳои минбаъдаи халки мо дар ҳушу ёд, пусту устухон ва мағзу набзи худ ба хубӣ эҳсос хоҳанд намуд. Дар ин давра бо вуҷуди маҳрумиятҳои вуҷудӣ дар замони ҷанги таҳмилӣ миллати тоҷик дар баробари муваффақиятҳои беназир дар соҳаҳои саноату сохмон, энергетика, роху чодахои нав, кишоварзиву беҳдошти сиҳҳати омма ва мактабу маориф, дар нигоҳдошт ва бузугдошти осори фарҳангиву илмии худ ба сатҳи балантаре аз гузашта расидааст, ки дар ин кор саҳми аҳли илми ҷумҳурӣ хеле пурарзиш аст.
Истиқлол ва зарурияти омӯзиши осори фарханги миллӣ
  Дар замони мо халқу миллатҳо на танҳо барои ба даст овардани захираҳои табиӣ, ғасб кардани заминҳои кораму ҳосилхези ҳамсоягони дуру наздик даст ба гиребон мешаванд, балки ҷаҳду ҷадал мекунанд, ки барои даъвои сарзаминҳои ишғолкардаи худ далелҳои таърихӣ ҳам биёваранд. Ба ин мақсад онҳо ба азхуд кардан ва ба номи худ навиштани мероси фарҳангиву илмии миллатҳои дигар низ даст мезананд. Набардҳои имрӯзаи дунё на танҳо дар майдонҳо, балки дар воситаҳои иттилоот (киберфазоҳо) ба амал меоянд. Одатан дар ин кор одамон аз овардани далелҳои дурӯғ ва беасос рӯ намегардонанд….Вале ба ҳамагон маълум аст, ки дурӯғ бефуруғ аст ва умри дуруғ кӯтоҳ аст. Рӯзе мерасад, ки ҳар гуна дурӯғ фош мешавад. Вале азбаски ин гуна дурӯғгӯиҳои таърихӣ дар хидмати сиёсатанд, онҳо барояшон тарафдор ва пушту паноҳ доранд.
Бояд эътироф намуд, ки дар фазои истиқлолияти кишвари азизамон ва бо ғамхорӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи давлати миллии мо ва махсусан паёму таъкидоти доимии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омӯзиш ва дастраси мардум намудани осори бои фарҳангии ниёгони мо барои боло бурдани ифтихори миллии насли ҷавон, мубориза бар зидди тамоюлҳои фикрии барои миллат бегона, дар набард бо тамоюлоти ифротгароёнаи мазхабӣ аз мероси гузаштагони бузурги мо ҳар рӯз асаре ба табъ расида дастраси муҳаққиқон ва низ ҳаводорону доираи васеи дӯстдорони илму адаб мегардад. Инро дар мисоли натичаҳои фаъолияти Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ бараъло дидан мумкин аст, ки дар миёни 12-13 сол зиёда аз 14 ҷилд осори пурарзиши абармарди даврон, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино аз забони арабӣ ва хати форсӣ ба забонҳои русиву тоҷикӣ тарҷума ва ба нашр супорида шудаанд. Бояд гуфт, ки ин Маркази нодири илмӣ соли 2006 бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар барои омӯзиши осори бебаҳои ин нобиғаи илми тоҷик ифтитоҳ ёфта буд.  
  Пешвои миллат, Президенти кишвар доимо таъкид мекунанд, ки ёдоварӣ аз таърихи пурифтихори миллат, аз хизмати бузургони миллат дар самти илму маориф ва рушди фарҳанг, бедор намудани ифтихори миллӣ дар зеҳни насли имрӯза ва оянда яке аз шартҳои муҳими устувории маънавиёт ҷиҳати беҳдошти ахлоқии ҷомеа, дастгирии сиҳатии рӯҳу равони миллат ба шумор меравад. Аз симоҳои дурахшони фарҳангии гузаштаи начандон дури мо (замони шӯравӣ) академикҳо Б.Ғафуров ва А.А.Семёнов буданд, ки дар саргаҳ ва сароғози илми таърихшиносии мо қарор доштанд ва мо дар ин мақола аз онҳо, аз дӯстиву ҳамкориҳои онҳо чун рамзи ҳамкориҳои фарҳангии ду халқи бузург-тоҷику рус, ба таври мухтасар ёдоварӣ хоҳем намуд. Б.Гафуров яке аз аввалин муаррихони машҳур  ва гирдоварандагони осори таърихии асри XX буданд, ки бо вуҷуди фишори бозмондаи пантуркистон мавзӯи таърихи қавми тоҷик, мақоми ин халқ дар тақдири таърихии Осиёи Марказиро мавриди омӯзиш қарор дода буданд. А.А.Семенов муҳаққиқи осори нодири фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ мебошад, ки қариб тамоми сарчашмаҳои хаттии мардумони минтақаро (ки бештари он мансуби забони халқи тоҷик аст) ҷамъоварӣ намуда онро ба шакли каталог даровардааст ва инчунин дар бораи баъзе аз дастхатҳо ва шахсиятҳои таърихи маълумоти пурарзише пешниҳод намудааст. Боиси хушиву шодмонист, ки бойгонии дастхатҳои нодири А.Семенов то ҳанӯз дар Душанбе, дар Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониш нигоҳдорӣ карда мешавад. Ногуфта намонад, ки А.А.Семенов аз аввалин арбобони илм аст, ки дар бораи зиндагинома ва фаолияти Абуали ибни Сино, мансубияти қавмии он ба тоҷикон як китоби аз нигоҳи ҳаҷм хурд, вале аз нигоҳи мӯҳтавои илмӣ пурарзише навиштааст.
  Бешубҳа академик Б.Ғафуров ва академик А.А.Семёнов ду симои нотакрори илми таърихи даврони шӯравӣ мебошанд, ки дар бунёдгузории омӯзиши методологии илми таърих ва мардумшиносии тоҷик, ҷамъоварии дастхатҳо, омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар заминаи дастхатҳои нодир саҳми бориз доранд. Ҷои таассуф аст, ки осори бисёрҷабҳаи ин абармардони илми муосир то ҳанӯз ба таври шоиста, ҳамаҷониба ва системанок мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Чунин омӯзиши муқоисавии осори олимони таърихи муосир аз чанд нигоҳ ҷолиби диққат аст. Чанд нуктае ки мо дар ин гузориш пешниҳод мекунем, қатрае аз баҳр аст ва мо умед мебандем, ки насли нав ва ҷавони муаррихон чунин омӯзишҳоро минбаъд ба таври густурда пеш мебаранд. Чунин мешуморем, ки ҳамин гуна мақолаҳо мебояд дар бораи ҳамкориҳои дигар олимони давр ба роҳ монда шаванд, то эҳсоси эҳтиром нисбат ба илму дониш дар хотираи насли нав ба ҷуш биёяд.
Оид ба аҳамияти методологияи илмии омӯзиши таърих ва таърихнигорӣ
  Дар муқаддимаи китоби машҳури худ «Тоҷикон» аллома Б. Ғафуров аз академик Семёнов А.А. ҳамчун муҳаққиқи барҷастае ёд мекунад, ки аз солҳои бистуми асри XX дар таҳқиқи таърихи мардуми тоҷик корҳои шоистаи тақдир анҷом додааст. Корҳои илмии академик Семёнов А.А. чун манбаъҳои муҳим дар таълифи «Тоҷикон» мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар фаъолияти илмии гуногунсоҳаи академик Семёнов А.А. таҳқиқотҳои марбут ба  таъриху фарҳанги мардуми тоҷик мавқеи назаррас доранд. Иштироки фаъоли академик Семёнов А.А. дар бунёдгузории ҷомеаи нави Тоҷикистон, махсусан, масъалаҳои забону фарҳанги даврони шӯравӣ ба аҳли фарҳанг маълум аст.
Дар ибтидои солҳои панҷоҳуми асри сипаришуда баъди таъсис ёфтани  Академияи илмҳои ҶСС Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар он замон  шахси аввали Тоҷикистон – Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд, академик Семёновро ба ҷумҳурии мо даъват карда ба вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ пешбарӣ намуд. Аз ҳамин замон ҳамкориҳои бевоситаи илмии Бобоҷон Ғафуров бо академик Семёнов А.А. дар пешбурди таҳқиқотҳои риштаи таърих оғоз меёбад.
Дар ин гузориш мо танҳо як воқеаи муҳими ҳамкориҳои ин ду донишмандро ба баррасӣ мегирем. Соли 1951 баъди се моҳ аз таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мақолаеро таҳти унвони «Барои инъикоси марксистии таърихи халқи тоҷик ва таърихи фарҳанги он» навиштанд, ки дар ду шумораи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (25-26 июли соли 1951) интишор ёфт.  Ин мақола зарурати мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани таъриху фарҳанги мардуми тоҷикро таъкид менамуд, вале чун ба қалами шахси аввали идеологии ҷумҳурӣ тааллуқ дошт, дар он масъалаҳои ба идеологияи замон вобаста бештар матраҳ ёфта буд.  
Баъди рӯи чоп омадани мақола дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ барои муҳокимаи мақола ҷаласае баргузор мешавад, ки дар он академик Семёнов А.А. баромади хеле муфассал мекунад. Ӯ  ба аҳамияти мақолаи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода сипас масъалаҳои таъхирнопазири марбут ба таҳқиқотҳои таърихиву фарҳангиро мушаххасан мавриди баҳс қарор медиҳад.
Дар оғози баромади худ академик Семёнов А.А. аз ҳозирини ҷаласаи Шуъбаи  фанҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон иҷозати баррасии масъалаҳоеро талаб мекунад, ки агарчи дар мақолаи Бобоҷон Ғафуров зикр наёфтаанд, вале барои касоне, ки ба масъалаҳои мухталифи таъриху фарҳанги мардуми тоҷик машғул ҳастанд, ҳаётан муҳим мебошанд. Ҳамзамон академик Семёнов А.А. аз В.И. Ленин  барои тақвияти мавқеи худ дар баррасии  масъалаҳо иқтибоси машҳурро меорад, ки: «Танҳо ҳамон вақт коммунист шудан мумкин аст, ки агар хотираи худро бо донишҳое ғанӣ гардонӣ, ки инсоният андӯхтааст». (Асарҳо, ҷ. 30, с 407). Ва мегӯяд, ки ба ёд овардани ин суханони доҳӣ ҳангоми муҳокимаи мақолаи Б. Ғафуров хеле бамаврид аст. Ин нишонаи ҳусни нияти нек ва дастгирии илми ҷавони тоҷик дар замони душвори набардҳои идеологӣ буд.
Дар бораи зарурияти омӯзиши дақиқи осори хаттии халқи тоҷик.
  Донистани гузашта аз таърихи  ҳар кадом қавму миллат таъкид менамояд академик Семёнов А.А. дар фаҳмидани вазъи ҳозираи он кумак мекунад, зеро ҳар як ҳодиса заминаи пешинаи худро дорад ва ин заминаи сабабу воқеаҳо метавонанд дар даврони гузаштаи дур ё наздик ошкор шуда бошанд. Бо ин сухан академик Семёнов А.А. таваҷҷуҳи ҳозиронро ба зарурати омӯзиши мероси гузашта ҷалб намуда ва ин корро махсусан барои муҳаққиқони риштаи таърих вазифаи аввалиндараҷа эълом медорад. Ӯ ба таъкид изҳор мекунад, ки санаду ҳуҷҷатҳои таърихӣ, таърихномаҳо ва қавлу сухани шоҳидони воқеаҳои таърихӣ боарзиштарин асноде мебошанд, ки аз гузаштаи дур маълумоти равшан медиҳанд ва мо бо истифодаи онҳо метавонем тасаввур пайдо кунем, ки дар кадом шароити таърихӣ ва бо кадом орзую омол наслҳои гузашта – аҷдоду авлоди онҳо зиндагӣ ба сар бурдаанд. Ин амр ба ҳар кадом қавму миллат аст ва табиист, ки ба халқи тоҷик низ дахли бевосита дорад.
Мардуми тоҷик дар тафовут аз аксари қавму миллатҳои курраи замин  аз гузашта осори гаронбаҳое ба мерос гирифтааст, ки шомили ёдгориҳои таърихии бузург ва адабиёти илмӣ ва бадеии оламшумули ҳазорсола мебошад.
Академик Семёнов А.А. бо дар назар гирифтани вазъи ҳамон замон қайд мекунад, ки аз ин осори бузурги гаронбаҳо танҳо матни миқдори ночизе дар шакли интиқодӣ ба чоп расида ва миқдори аз он ҳам ночизтар тарҷума шудааст. Қисме аз ин осор дар шакли литографии шарқӣ ва қисман чопҳои сангӣ боқӣ мондаанд, ки аз нуқтаи назари дурустии матн қобили эътимод нестанд ва саҳву ғалатҳои фаровон доранд.
  Бештари осори гузаштагон дар шакли дастхат то рӯзҳои мо расидаанд, ки дар хазинаи нусхаҳо ва китобхонаҳои кишварҳои гуногуни Аврупо, Осиё, Африқо ва қисман Амрико нигоҳ дошта мешаванд. Агар нисбати фоизии онҳоро ба назар гирем, аксари кулро дастхатҳои тоҷикӣ ва камтаринро туркӣ (10-12%) аз се забони ба истилоҳ «Шарқи мусулмонӣ», ташкил медиҳанд. Кадом маълумоти пурарзиш ва фактҳои таърихӣ, назариёти идеологии муборизаи ҷараёнҳои пешқадам ва иртиҷоӣ, кадом навъи осори адабии назмиву насрӣ, асарҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни асрҳои миёна ва умуман Шарқи даврони феодалӣ дар ин осори беканор ниҳонанд, мо ба пуррагӣ намедонем. Мо ҳоло дар вазъе қарор дорем, ки ин ҳама майдони фарохи кашфиётҳо дар интизори муҳаққиқони соҳибихтисос мебошад.
  Сипас академик Семёнов А.А. дар бораи мавҷуд будани  чунин захираи тиллоӣ дар Тоҷикистон таваққуф намуда, дорои мазмуну муҳтавои гуногун будани дастхатҳои шарқии мо сухан меронад. Ӯ қайд мекунад, ки дар муқоиса бо ҷойҳои дигар нусхаҳои дар Тоҷикистон маҳфузмонда миқдоран зиёд нестанд, вале чун омӯхта нашудаанд, шоистаи онанд, ки мавриди таҳқиқи доираҳои илмӣ қарор гиранд. Академик Семёнов А.А. маълумоти омории марбут ба ҳамон замонро оварда мегӯяд, ки дар Тоҷикистон 2223 ҷилд китоби дастхат ҳаст, ки агар ҳар кадоми он дорои 4-5 асари мустақил бошад, маҷмуи онҳо дар Сталинобод ба 11 ҳазор мерасад. Сипас ӯ омори дастхатҳои дар Узбекистон  маҳфузбударо илова намуда миқдори нусхаи асарҳоро то 100 ҳазор ба шумор меорад, ки аз он миқдори 70% ба забони тоҷикӣ ҳастанд.
  Академик Семёнов А.А. дар ҳамин ҳол саволҳо матраҳ мекунад, ки оё аз ин уқёнуси дастхатҳо чизе чоп, ё чизе аз асарҳои қобили таваҷҷуҳ тарҷума ва интишор ёфтааст? Ва дар чунин ҳол оё метавонем таърихи халқро бе омӯзиш ва ба табъ расонидани  ёдгориҳои мероси таърихии он ба тарзи шоиста ва дақиқ таҳия созем. Оё доир ба таърихи илм бе донистани нусхаҳои аслии осори илмӣ чизе навиштан мумкин аст, оё таҳқиқоте оид ба идеологияи даврони гузашта бе хондани манбаъҳои асосӣ анҷом додан мумкин аст. Барои мисол мегӯяд академик Семёнов А.А. оё таҳқиқоти муваффақеро доир ба тараққиёти илми тибби давраи муайян дар ҳоле, ки ба осори тиббии ин давру замон шинос набошем, метавонем ба амал барорем? Ба ҳамаи ин пурсишҳо шахсе, ки дорои ақли солим аст, албатта, посухи манфӣ медиҳад. Ҳол он, ки маълумоти хеле муҳиму арзишманд дар ин баҳри беканори маводи дастнавис ниҳон аст ва  он воқеаву ҳодисаҳоро ба тавру назари тоза баён менамояд ва ба фактҳо равшанию тобиши дигар мебахшад.
Дар бораи таърихнигории воқеӣ ва баҳодиҳии илмӣ ба падидаҳои таърихӣ.
  Академик Семёнов А.А. шӯриши Маҳмуди Торобӣ дар соли 1238-ро ёдовар шуда қайд мекунад, ки дар мақолаҳои ба ин воқеа бахшидаи Якубовский сабабҳои шӯриши мардуми Бухоро бар зидди муғулҳо муайян карда нашудааст ва умуман таърихдонони мо дар инъикоси ин воқеа бо ифодаҳои обшустае аз қабили «зулми тоқатфарсои феодалӣ», «бераҳмии ғосибони муғул» ва ба ҳамин монанд таъбирҳо маҳдуд шудаанд. Ҳол он, ки муаллифони ҳамон давра ва давраҳои баъдӣ (Ҷувайнӣ, Мирхонд, Хондамир), бо далелҳои равшан сабаби шӯришро нишон додаанд. Шӯриши Торобӣ, менависанд онҳо, дар замони ҳукмронии писари Чингиз – Ҷалатой дар Мовароуннаҳр сар зад. Дар бораи шахсияти ин ҳоким манбаъҳо хабар медиҳанд, ки дар афту башараи ба сахтӣ чун санги ӯ ҳаргиз касе табассумро надидааст. Ӯ дар муносибат бо мардуми сарзаминҳои зери тасарруфаш қонуну муқаррароти Чингизро бо бераҳмии хос ва бе каму кост ба иҷро мерасонд, ҳарчанд ки он қонуну муқаррарот бемаъниву аблаҳона буданд.
  Тибқи ин муқаррарот дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна куштани чорвои гӯштӣ бо таҳдиди қатл манъ карда шуда буд, ба мардум танҳо мумкин буд аз гӯшти мурдор ғизо гиранд. Ҳамчунин аз тарси ҷон  ба одамон қатъиян манъ буд, ки ба оби ҷорӣ дароянд ва дар он шустушӯ кунанд. Ба қавли муаллифи яке аз манбаъҳо «ҳеҷ ҷондоре дар Хуросон наметавонист ошкоро корд ба гулӯи моли майдае барад». Ва ин амр ба Мовароуннаҳр ва Туркистон (Казоқистони ҳозира)  низ асаргузор буд.
Сипас академик Семёнов А.А. давом медиҳад, ки ин сиёсати бераҳмонаи Ҷалатой бо поймолкунии гӯшношуниди ҳаққи одитарини мардум барои обу ғизо, ба қавли таърихнигори муғул, косаи сабри халқи тоҷикро лабрез кард ва тоқати мардум тоқ шуд. Танҳо баъди баёни ин тафсилот ба шарҳи шӯриши Торобӣ мепардозанд, яъне аввал сабаб, баъд натиҷаи воқеа ба тасвир кашида мешавад. Ба ҳамин монанд мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Бисёр афсус аст, ки муҳаққиқони имрӯзаи тоҷик то ҳанӯз ҳам аз ин гуна зулми миллии ғосибон, ба мисли арабҳо ва муғулҳо кам ёд мекунанд ва дар ин самт таҳқиқоти бунёдӣ намегузаронанд. Академик Семёнов А.А. мегӯяд, ки ман бо камоли эътимоду боварӣ ба тамоми муҳаққиқони риштаи таърих дар кишвар, ки дар ин ё он мавзуъ тадқиқот анҷом медиҳанд, таъкид менамоям, ки ба сарчашмаҳо муроҷиат кунанд, на ба асарҳои хусусияти таҳқиқотӣ доштаи ҳатто шахсиятҳои маъруфи соҳаи таърих. Зеро ин олимони шуҳратёр низ дар хулосаҳои ҷамъбастии худ одатан фикри шахсӣ, дидгоҳи фардӣ (индивидуалӣ)-и худро доир ба ин ё он воқеа баён месозанд, ки аҳёнан аз онҳо лағзиш ба ин ё он ҷониб зоҳир мегардад. Пас чаро мо то ҳанӯз ба сарчашмаҳо рӯй намеорем?! Далелҳои сарчашмаҳои хаттӣ чашми танги ҳаргуна «хидоятовҳо» ва «камолиддиновҳоро» ба маънои аслӣ кӯр хоҳад кард!
  Сипас академик Семёнов А.А. аз шӯриши соли 1898 дар Андиҷон ва соли 1916 дар Хуҷанд ёдоварӣ намуда инъикоси онҳоро дар асарҳои Бобоҷон Ғафуров мусбӣ арзёбӣ мекунад ва изҳор медорад, ки дар ин ду шӯриш бинобар воқеаҳои аср дахолати хориҷиён (дар аввалӣ - англисҳо ва дар дуввумӣ - туркҳо)-ро аз мадди назар набояд дур кард.  
  Ҳанӯз дар ҳамон замон, яъне давари шӯравӣ дар ҷаласаи мазкури Шӯъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ ҶСС Тоҷикистон академик Семёнов А.А. барои муҳаққиқони соҳаҳои забоншиносӣ ва мардумшиносӣ низ ба ҳамин тафсилот зарурати истифода аз сарчашмаҳои дасти аввалро дар анҷом додани корҳои илмӣ таъкид менамояд. Ва бо истифода аз фурсати муҳокимаи мақолаи Бобоҷон Ғафуров дар назди тамоми кормандони Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ вазифа гузошта мешавад, ки дар кори ҳарчи бештар дастрас сохтани манбаъҳои муҳим саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд. Асари безаволи Б.Ғафуров «Тоҷикон» бисёре аз сарчашмаҳои ғункардаи А.Семёновро мавриди истифода ва таҳлил қарор гирифт. Вале ин танҳо оғози кор ва роҳнамоӣ буд. Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки баъзе ҳамсоягони  мо даъвои мероси фарҳангии Суғд мекунанд, вале мо дар даҳон об гирифтаем ва сухани илмӣ иброз намедорем. Чаро? Чаро мо мероси суғдиёну бохтариён ва хоразмиёну сакоиёни Хутанро намеомӯзем ва даъвои мансубияти ин мерос ба халки тоҷики имрӯзаро надошта бошем?!  Ин фарҳангҳо ва сарзаминҳои бумии мо буданд ва мо сад дар сад даъвои онҳоро дорем.
  Миллатҳо имрӯзҳо на танҳо барои замину захираҳои табиӣ, балки барои осори таърихиву фарҳанги бо ҳам дар ҳоли набарданд. Омӯхтани манбаъҳои дасти аввал (аз қабили дастхатҳо ва омӯзиши бунёдиву фандаменталии забонҳои нодири эронии шарқӣ дар Тоҷикистон, ба мисли забонҳои помирӣ ва яғнобӣ, ки бозмондаи давраи маданияти Суғд ва Бохтару Хутан мебошанд) ба чунин даъвоҳои беасоси бегонагон хотима мегузорад. Мо бояд марказҳои илми омӯзиши фарҳанги Суғду Бохтар ва Хутану Хоразмро ба роҳ монем. Ин орзуву ҳадафҳои неки симоҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ аз қабили Ш.Шоҳтемур, Ч.Имомов ва донишмандони бузурги мо ба мисли устод Садруддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва академик Семёнов А.А., ки дар он замон аз дастандаркорони Академияи фанҳои Тоҷикистон буданд, дар рӯзҳои мо ҷомаи амал мепӯшад. Дар фазои истиқлоли кишвари азизамон ва бо ғамхорӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мероси гузаштагони бузурги мо ҳар рӯз асаре ба табъ расида дастраси муҳаққиқон ва низ ҳаводорону доираи васеи дӯстдорони илму адаб мегардад, ки дар ин бора ба таври кӯтоҳ дар ин ҷо гузориш додем.
 
 
 
Аҳмад Ҳоҷизода
номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии
Маркази синошиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоуддинови Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф. 
 
Сунатулло Ҷонбобоев,
номзади илмҳои фалсафа, роҳбари Маркази синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,. 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia