casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Тафаккури техникӣ-яъне чи ва чӣ бояд кард?

    Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар  доимо дар мавриди тарбияи солими ҷавонони кишвар дар сатҳи таълиму тарбияи ҷаҳони муосир сухан гуфта, аҳли илму маърифатро ба омӯхтану таҳқик намудани инчунин падидаҳои матлуб ва номатлуб дар ин соҳа даъват мекунанд. Дар соли сипаригашта, ҳадди ақал дар ду мулоқоти худ,  18 март 2020 дар мулоқот бо донишмандону зиёиён ва 17 август 2020 дар суханронии дар Рӯзи дониш баён кардаашон масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи «тафаккури техникӣ» ба миён гузошта, сабаби ба фанну илмҳои дақиқ камтаваҷҷуҳии онҳоро ҷӯён шуданд. Бояд гуфт ки худи Пешвои миллат зимни суханрониашон ба яке аз омилҳои калидии ин чунин падида ишорат карда фармуданд, ки: «аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд /корҳоро/ ба тақдиру сарнавишт ҳавола мекунанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад. Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд»[1]. Муфассал ...

СҲШ ва ҳуқуқи байналмилалӣ

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, зикр шуд, ки «соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохтори бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ба уҳда дорад. Имсол аз таъсис­ёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст». Муфассал ...

Истиқлолият - рамзи озодихоҳии кишвар

  Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ ва озодихоҳӣ буда,  дар тамоми давраи мавҷудияти худ барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст.

  Ба  ин асос, дар тӯли таърихи гузаштаи хеш миллати тоҷик ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи  пурифтихори  мо намегузорад, ки  миллатамон тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад.

  Дар замони  муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, дар ғайри он хеҷ миллате бақои худро ҳифз карда наметавонад. Бинобар ин, барои ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад.

Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia