casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Фарҳод Раҳимӣ: «Бояд роҳи 31-солаи тайкардаи мамлакатро тавъам бо кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба риштаи таҳқиқ кашем»

  Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакат ҳамовозӣ пайдо менамоянд. Ҳар сол то баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар мамлакат зиёда аз ҳазорон иншооти нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боғу токзори нав бунёд карда мешаванд. Рӯ овардан ба илм, донишомӯзӣ ва бахусус, аз худ кардани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  қадами муҳимест дар рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Муфассал ...

Меҳвари истиқлол – худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст

 Чист Истиқлолият?

Пайки бахту муждаи озодӣ аст,

Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.

Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,

Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.

Давлат Сафар

 Оре, Истиқлолият ин муждаи озодию пайки бахт буда, сарманшаи ободии Ватан ва муҳаббатҳоҳӣ дар ватандорӣ мебошад, ки ҷавҳари он Истиқлол аст. Истиқлол яке аз усули асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол манбаи  асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни   ҷомеаи инсонӣ аст. Дар баҳсҳои   ҳуқуқи башар ба унвони манбаи истиқлол панҷ аслро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) асли истиқлоли масъулона; 5) асли тадбир. Ғайр аз ин, истиқлолро гоҳ ба истиқлоли ҳуқуқӣ ва истиқлоли фалсафӣ низ ҷудо намуда, гоҳо онро баробари адолат ва озодӣ донистаанд ва робитаи байни ақл ва истиқлолро ақлоният медонанд, ки имрӯз маънои тавоноии таҳлилӣ ва мантиқӣ будани фикр аст, тасвир менамоянд. Истиқлол аз ҳама ғараз берун аст, фақат бо як меъёр арзёбӣ мегардад, истиқлол танҳо ба хотири истиқлол маҳдуд мешавад ва дар натиҷаи ин маҳдудият, меъёри «умуми»-и он, яъне манфиати умумӣ, ба ногузирии амнияти истиқлол оварда мерасонад.

Муфассал ...

«Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст!»

  Ҳамасола 9 сентябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.  Ин сана дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ ба унвонии АМИТ «Ховар» мақолаи ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем: Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia