casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

ЭЛМУРОДОВА ДАВЛАТБӢ АНВАРОВНА

ЭЛМУРОДОВА ДАВЛАТБӢ АНВАРОВНА

Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ
Санаи ҳимоя: 24.11.2023, соати 13.00
Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ – натиҷаи сиёсати муваффақи Пешвои миллат

  Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатии кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Аксаран ваҳдатро ҳамчун як ҳолати ба даст омадани суботи устувор дар ҷомеа ва давлат мефаҳманд.Дар марҳалаи ибтидоии ташаккули давлатдории нав нақш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бебаҳо мебошад. Дар амалияи ҷаҳонӣ шояд ин ягона ҳолате бошад, ки ҷонибҳои даргир ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз қабили якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳдоштани миллати тоҷик гирди мизи музокирот ҷамъ омаданд ва билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расиданд. Ин санаи таърихӣ оғози раванди созандагӣ дар Тоҷикистон аст. Мо бо камоли дилпурӣ гуфта метавонем, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон дарси беназир дар масъалаи ҳалли низоъҳои ҳамсон мебошад. Муфассал ...

Нақши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар таҳкими ҷаҳонбинии дунявӣ

  20 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо семинари илмии навбатӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ баргузор гардид. Дар мавзуи семинар «Нақши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар таҳкими ҷаҳонбинии дунявӣ» Қодирзода Т.Қ., номзади илмҳои ҳуқуқ баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба «Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ» таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia