casino malaysia
casino malaysia
Мутафаккири ҳамзамони ҳаёт (оид ба андешаҳои сиёсию ҳуқуқии Абу Алӣ Аҳмади Мискавайҳ)

wrapper

 Халқи тоҷик  аз  қадим ба илм ва таълиму  тарбия эҳтироми  хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд.[1]
Эмомали Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурии тақдирсоз бо олимону зиёиёни кишвар як қатор масоили мубрамро дар соҳаи ташкилу фаъолияти илмӣ, бурдани таҳқиқотҳои илмӣ, сохтори муассисаҳои илмӣ таҳлил намуда, зарурати омӯзиши мероси ниёгонамонро бори дигар таъкид сохтанд. Дар ҳақиқат таърихи тоҷикон дорои ганҷинаи ғаниест, ки аз таълимоти мутафаккирон ва таҷрибаи таърихии давлатдории гузашта ба сабақу ибрат омухтан, андешаҳои илмиро  комил сохтан ва такмилу ташаккул додани қонунгузорию таҷрибаи давлатдорӣ мусоидат мекунад. 
  Ба андешаи мо низ рӯ овардан ба таърихи гузаштаи миллат, шиносоӣ ва дарку таҳлили таълимоти ниёгон танҳо баҳри пешрафти миллӣ, дуруст танзим намудани масоили иҷтимоию сиёсӣ ва  ташаккули давлатдории миллӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин сабаб, гузорише дар ин масъала ироаи хонандагони мӯҳтарам мекунем.
 Ташаккули тамаддуни ориёӣ  сабаби пайдоиш ва рушди тамаддуни хоси тоҷикон дар паҳнои Хуросону Мовароуннаҳр гаштааст, ки дар гузашта ва ҷаҳони имрӯза нодир аст. Тоҷикон дар таърихи тамадун чун яке аз миллатҳои фарҳангсоз ва эҷодкунанда шинохта шуда, ҳазорҳо мутафаккирони миллати мо барои ҷаҳониён ва минтақа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, ки он боиси ифтихори мост. Яке аз мутафаккирони фарзонаи миллати тоҷик Мискавайҳ мебошад, ки дар асрҳои миёна ҳаёт ба сар бурда ҳамчун муаллими ахлоқ аз ҷониби ҷаҳониён шинохта шудааст. Дар қатори ахлоқу фалсафа, Мискавайҳ андешаҳои бикри сиёсию ҳуқуқӣ баён намуда, падидаҳои давлатию ҳуқуқиеро таҳлилу баррасии илмӣ намудааст, ки то имрӯз аҳамияти худро дар илм ва амалия гум накарда, баръакс боиси ифтихор ва мавриди амалисозӣ ҳам мебошанд. Як қатор андешаҳои мутафаккир дар шароити муосир низ заминаи такмили қонунгузорӣ ва пешрафти амалия шуда метавонад. Аз ин сабаб, олими барҷаста мутафаккирест, ки бо андешаҳои пурмуҳтавои худ ҳамқадами замона бо мо ҳамроҳ  аст.
  Дар ин мақола мо мухтасари муҳтавои андешаҳои сиёсию ҳуқуқии Абу Алӣ Аҳмади  Мискавайҳ – мутафаккири барҷастаи тоҷику форс, файласуф, Устоди илми ахлоқ, "муаллими солис - сеюм" баён кардан мехоҳем.
Пеш аз ҳама, Мискавайҳ дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ҳаёт ба сар бурда, дар марҳилаи ҷавонӣ ва аксари умри худро чун амалдори давлатӣ дар шаҳри Бағдод, дар дарбори Бувайҳиён ба  сифати дабир, китобдор, надим, мушовир мегузаронад.
Мискавайҳ дар баробари хизмати давлатӣ ба таҳқиқи масоили  фалсафӣ, динӣ, тиббӣ, таърихӣ, ахлоқию ҳуқуқӣ машғул гардида, дар ин замина дар аксарияти соҳаҳои илми муосири худ соҳиби донишу иттилоти фаровон шудааст, ки дар ташаккули на танҳо шахсияташ, балки дар рушди илмиву фарҳангиаш нақши муҳиме доранд.  
Тибқи иттилооти муҳаққиқон, Мискавайҳ аз 13 то 28 адад асари илмӣ таҳия намудааст.
  Муҳиму   мондагортарин таълифоти Мискавайҳ, бешубҳа, асарҳои “Таҳзиб ул-ахлоқ” ва “Таҷоруб ул-умам” мебошанд, ки онҳо баъд аз рафтани мутафаккир аз хизмати дарбор таҳия ва нашр шудаанд.
Мискавайҳ дар аксари илмҳои муосири замони худ дониши мукаммал дошта, онҳоро бо диди нав, бо усулу андешаҳои нав такмил додаааст. Махсусан дар илми ахлоқ Мискавайҳ ягонаи замон маҳсуб гардида, саҳми мутафаккир дар илми ахлоқ аз ҷониби садҳо муҳаққиқон қайд гардидааст.
  Дар баробари ин дастовардҳои Мискавайҳ дар самти таълимоти ҳуқуқӣ низ назаррас буда, мутафаккир кушиш намудааст, ки масоили куллию муҳимтаринро дар ҳаёти иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор диҳад.
  Сабабҳои пайдоиши ҷомеъа. Мискавайҳ пеш аз ҳама, кӯшиш намудааст, ки масоили вобаста ба паҳлуҳои гуногуни вобаста ба ҷомеъаро таҳлил намояд. Яке аз ҷанбаҳои масоили ҷомеъа, аз нуктаи назари Мискавайҳ, пеш аз ҳама, масъалаи таъсиси он ба шумор меравад.
  Мискавайҳ дар таҳлили масъалаи мазкур андешаи муҳаққиқонро таҳқиқ намуда, ба хулоса омадааст, ки омилу сабабҳои то имрӯз номбаршуда барои таъсиси ҷомеъа кифоя нестанд, балки омилу сабабҳои гуногун заминаи пайдоиши ҷомеъаи башарӣ гаштаанд.  Мискавайҳ омили номбаршударо ба таври худ шарҳ дода чунин андеша дорад, ки инсон дар сурати ба танҳоӣ зиндагонӣ кардан наметавонад талаботу манфиатҳои шахсии худро ба таври комил амалӣ созад. Аз ин сабаб, вай маҷбур аст бо дигарон ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ намояд.
  Ба андешаи мутафаккир, Худованд ба ҳамаи махлуқоти рӯи замин, махсусан ҳайвонот дандону, минқор, чанголи тез ва ғайра додааст, то худро муҳофизат ва манфиатҳои худро амалӣ созад. Инсон танҳо ақл дорад, ки бо ёрии он бо дигарон ҳамроҳ гардида, талаботи худро қонеъ мегардонад. Мискавайҳ яке аз омилҳои муҳимтарин дар таъсиси ҷомеъа мавҷудияти адолати илоҳиро мешуморад, ки тибқи он ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд меояд. Сабаби дигари таъсиси ҷомеъа -  нотавонии инсонро номбар кардааст. Омили дигари муассир дар пайдоиши ҷомеъаи башарӣ ва барои инсон муҳим -  тарбияи хислатҳои некро эътироф кардааст.
  Таълимоти Мискавайҳ махсусан дар тарбияи шаҳрванди фаъол басо бузург буда, ба дарди замони муосир мехурад. Мутафаккир, тарбияи инсони комилро бе ҷомеъа ва берун аз ҷомеъа эътироф намекунад. Ба андешаи мутафаккир, фард танҳо дар ҷомеъа ба инсон табдил меёбад, манфиатҳои худро амалӣ карда метавонад ва ба хушбахтӣ мерасад. Дар таъсиси ҷомеъаи инсонӣ нақши омили дигар низ аз ҷониби мутафаккир – муҳим арзёбӣ мешавад – ин омил, пешгирӣ аз зулму ситам аст, ки инсон ҳангоми танҳо буданаш барои манфиат ва талаботи худ мубориза бурда маҷбур аст нисбат ба дигарон зулму ситамро равон бинад, то хостаҳои худро ба даст орад. Аз ин сабаб, инсон барои пешгирӣ аз зулму истисмори дигарон маҷбур аст ба дигарон (ҷомеъа) пайвандад. Чӣ тавре аз таълимоти Мискавайҳ оид ба масъалаи пайдоиши ҷомеъа бармеояд, ӯ омилҳои гуногунро замина барои пайдоиши ҷамъият эътироф намудааст.        
  Дар маҷмӯъ, Мискавайҳ дар пайдоиши ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоии инсон омилҳои гуногунро дар якҷоягӣ муассир мешуморад, ки аз таъсири онҳо ҷомеъаи инсонӣ (иҷтимои инсонҳо) пайдо ва аз хонаводаи алоҳида то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст.  Ин омилҳо: а) табиатан маданӣ ва иҷтимоӣ будани инсон; б) адолати илоҳӣ; в) таҳсили фазоил, камолот; г) тарс ва ночории фарди алоҳида; д) нотавонии  инсон дар муқобили табиат; ва е) пешгирӣ аз зулму ситам аст, ки "ҳамагӣ даст ба дасти ҳам дода, ҷамъияти инсониро ба вуҷуд овардаанд". Як қисми омилҳо инсонро барои касби ҳуқуқу озодиҳои фитрии худ, дигар қисмати онҳо  – барои эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи низому тартиботи ҳуқуқии дар ҷомеа ҳукмрон тарбия мекунанд.
  Маърифатпазирии олами ҳастӣ. Хос будани инкишоф ба таърихи башарият. Мискавайҳ олами ҳастиро донисташаванда мешуморад ва таърихи башариятро дар ташаккулу такомул мешуморад. Яъне инкишофи таърихии ҷомеъаро эътироф дорад. Ҷомеаро ҳамчун мавҷудияти доимо рушдёбанда ба самти камолот тасаввур мекунад. Ҷомеаи башарӣ тибқи таълимоти Мискавайҳ аз иҷтимои кучаки хонавода оғоз гардида, бо ташаккулёбии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авҷи такомули худ мерасад.
  Одам - махлуқи мутамаддин ва иҷтимоӣ. Мискавайҳ яке аз масоили муҳими илмҳои ҷомеъашиносӣ, ворид гаштани фард ба ҷомеъа, ҳамкорию шарикии иҷтимоӣ, ҷомеапазирии инсонро таҳлилу баррасӣ намудааст, ки тибқи он шахсияти инсон танҳо дар ҷомеа ва таҳти тарбияи ҷомеа ба вуҷуд меояд. Онҳое, ки аз ҷомеа дурӣ меҷӯянд ягон вақт хислатҳои беҳтарини инсонро дар худ тарбия ва аз худ зоҳир карда наметавонанд, чунки ин хислатҳо танҳо дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд. Одам махлуқи ҷамъиятӣ буда, кушиш менамояд, ки фаъолияти худро дар ҷомеа амалӣ созад. 
 Иродаи инсон омили рушди ҷомеъа. Нақши шахсият дар таърих.  Мискавайҳ дар баробари масоили инкишоф дар ҷомеа, омилҳои муассир ба рушду тағйирпазирии ҷомеаро ошкор намудааст. Ба андешаи Мискавайҳ, муҳимтарин омили тағйирдиҳандаи ҷомеа иродаи инсон мебошад. Мискавайҳ омилҳои дигар аз ҷумла, омили иқтисодӣ ва омили диниро таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки инсон ва танҳо инсон заминаи тағйироту рушди ҷомеа шуда метавонад. Иродаи инсон дар фаъолияти давлат ва роҳбари он таҷассум меёбад. Давлат ва роҳбари он на танҳо иродаи инсонро инъикос мекунанд, балки иродаи умумии аҳли ҷомеаро таҷассум ва татбиқ низ менамоянд.    
Мискавайҳ дар осори худ ба масъалаи тақсимбандии ҷомеа низ диққат дода, аз сабабҳои гуногуне, ки дар бақо ва заволи ҷомеаҳо муассир ҳастанд, сухан ронда, нақши давлатро ҳамчун як бозигари аслӣ дар ҷомеа, бисёр муҳим ва пураҳамият донистааст ва  бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин нақши давлат дар ҷомеа, барои давлат вазифаҳои мушаххасро муайян кардааст.
  Принсипи адолат –ҷавҳари муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва давлатӣ. Яке аз меҳварҳои аслии андешаи Мискавайҳ принсипи адолат мебошад. Принсипи адолат барои ҷомеа зарурати ногузир аст, “зеро адолат сабаби ҳамрангӣ ва ҳамоҳангии ҷомеа мешавад ва касрат ва парокандагиҳоро аз байн мебарад”.[2] Мавҷудияти адолат дар ҷомеа, ба андешаи мутафаккир, сабаби ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангию низом дар ҷомеа мегардад.
Мутафаккири ахлоқгаро, адолатро ҷавҳари  муносибатҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва давлатӣ мешуморад. Ба андешаи мутафаккир, татбиқи  принсипи адолати иҷтимоӣ  ба хусус дар арсаи сиёсат ва ҳокимият шарт ва зарур аст. Принсипи адолат дар андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Мискавайҳ ва дар ҷомеа дар низоми принсипҳои аслии идоракунии давлатии ҷомеа нақши муҳимтаринро дорад. Ба андешаи мутафаккир, риояи  принсипи адолат сабаби пешрафти ҷомеа мешавад, аммо даст кашидан аз риояи ин принсип бошад, баръакс -  вайронии давлат ва таназзули соҳаҳои мухталифи зиндагии иҷтимоиро ба дунбол дорад.
  Дар афкори сиёсию ҳуқуқии мутафаккир категорияи адолат категорияи сермазмун буда, ҷанбаҳои гуногун дорад. Адолат дараҷа ва намудҳои зиёдро дорад, ки ба андешаи мутафаккир муҳимтарин навъи адолат адолати иҷтимоӣ "адли маданӣ" аст.
Агар сухан оид ба ҳаҷми категорияи мазкур равад, пас он дар мавриди аввал, дар мазмуни таълимот ва ё мафкураи ҳукмрони ҷомеъа баромад мекунад. Махсусан, ҳангоме, ки мутафаккир функсияҳои адолати иҷтимоиро номбар мекунад, функсияи аввалини он: ҳимояи сохтори табақавӣ ва табақаҳои иҷтимоиро номбар кардааст ва дуюм, функсияи ҳимояи суннату арзишҳои ҳукмрон дар ҷомеъа. Аз ин сабаб, адолат дар фаҳмиши Мискавайҳ, чаҳорчӯбаи  меъёрҳои ҷомеъа мебошад, ки он барои ҳимояи сохтори мавҷудаи давлатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҳимояи сарчашмаҳои одатию ҳуқуқии ҳукмрон равона шудааст.
  Дар мавриди дигар, адолат ҳамчун принсипи ахлоқӣ хизмат мекунад, ки барои созишу ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни одамон, ва ба додани он чӣ сазовор аст, ба нафаре ки ба он сазовор аст ва бо тариқае ки сазовор аст, мебошад.
Дар мавриди сеюм, адолат ҳамчун принсипи ҳуқуқӣ ифодакунандаи баробарӣ, бародарӣ ва баробарҳуқуқӣ, амал намудан тибқи талаботи ҳуқуқ мебошад.   
 Даврабандии таърихи рушди давлат. Мискавайҳ ташаккулу инкишофи нисбии таърихи ҳокимият ва давлатро дар шакли доира тарафдор буда, ба андешаи мутафаккир, таърихи раванди ташаккулу рушди ҳокимият ва давлат, одатан, чаҳор марҳиларо дар бар мегирад:
1. Марҳилаи ба даст овардани қудрат;
2. Марҳилаи истифодаи қудрат;
3. Марҳилаи тақсими қудрат;
4. Марҳилаи барканорӣ аз қудрат.
  Вобастагии ҳокимияти давлатӣ аз ҳуқуқ (қонун). Муҳимтарин андешаҳои ҳуқуқии Мискавайҳ – вобастагии ҳокимият аз қонун мебошад. Нақши меҳварӣ ва калидии мардумро бошад, Мискавайҳ  дар қабул кардани ҳокимияти қонунӣ мебинад. Аз назари ӯ, инсон, ки мавҷуди табиатан мутамаддин ва иҷтимоӣ аст, барои расидан ба хушбахтӣ (саодат) бояд ҳамроҳи ҷомеа барои сарнавишти сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дар идоракунии давлатӣ мушорикат намояд.
Яке аз муҳимтарин андешаи ҳуқуқии Мискавайҳ дар таълимоти сиёсию ҳуқуқиаш – вобастагии давлат аз қонун  аст. Мутафаккир қонунгузориро муҳимтарин манбаи инъикоскунандаи адолати иҷтимоӣ мешуморад ва нақши меҳварӣ ва калидии мардумро дар қабул кардани ҳокимияти қонунӣ  эътироф мекунад.
Мискавайҳ ҳокимиятро тибқи ченаки қонунӣ будани ё эътирофи ҳокимият   (машруияти ҳокимият) ба ду намуд тақсим менамояд. Ченаки асосии тақсимот ба қонун мувофиқ будани ҳокимият аст. Тибқи ин ченак ӯ ду намуди ҳокимиятро аз ҳам фарқ мекунад – ҳокимияти қонунӣ - машрӯъ  ва ҳокимияти ғайриқонунӣ – номашрӯъ. Намудҳои номбаршударо ба таври дигар низ ном мебарад, масалан ҳокимияти қонуниро - ҳукумати машрӯъ - “ҳукумати мулукия” ва ҳокимияти ғайриқонуниро - ҳукумати номашрӯъ - “ҳукумати ғалаба” меномад.
  Падидаи назорати ҷамъият аз болои мақомоти давлатӣ. Мискавайҳ яке аз падидаҳои навинро дар таърихи афкори сиёсию ҳуқуқии тоҷикон – падидаи назорати ҳокимият аз ҷониби халқро аллакай дар асрҳои IX-X пешниҳод кардааст. Барои анҷоми вазифаҳои шаҳрвандии худ, мардум бояд аз ҳаққи назорати доимӣ бар фаъолияти ҳокимият ва мансабдорони он бархӯрдор бошанд. Назорати ҷамъиятиро аз болои мақомоти давлатӣ ва амалдорони давлатӣ талаб мекунад. Агар ҳокимият тибқи қонун амал накунад, вазифаҳои худро амалӣ карда  натавонад ва ё суиистифода аз ваколатҳои худ карда берун аз дастуроти ҳуқуқ аз ҳокимияти давлатӣ истифода намояд, вазифаи итоат аз шаҳрвандон соқит мешавад.
  Сабабҳои пайдоиши давлат. Мискавайҳ оид ба пайдоиши давлат низ назари махсуси худро дорад. Ба андешаи мутафаккир пайдоиши падидаҳои иҷтимоӣ мақсад ва тайиноти муайян доранд.
Давлат механизми идоракуние мебошад, ки инсон дар марҳилаи муайяни рушди иҷтимоии худ ниёз ба он пайдо намуд.
Сабабҳои пайдоиши давлат ба андешаи Мискавайҳ:
–а) талабот ба нерӯи ҳамоҳангсозандаи талаботи қишрҳои ҷомеъа;
–б) пешгирӣ аз тазоди манфиатҳои фардҳо;
–в) талабот ба ҷилавгирӣ аз зулму нобаробарӣ ва ноадолатиҳо;
в) талабот ба як қудрати танзимкунандаи зиндагии мардум мебошанд.
Вазифаҳои давлат. Мискавайҳ вазифаҳои давлатро мушаххас намудааст. Вазифаҳои муҳимтарини давлат аз нигоҳи Мискавайҳ: 
  1. Вазифаи таъмини саодат.
  2. Таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ ва ҳифзи арзишҳо.
  3. Таъмин ва риояи адолат ва ҳифзи ҳуқуқу вазъи иҷтимоии аҳолӣ.
  4. Ҳифзи марзҳо.
  5. Ҳифзи низом аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ.
  6. Таъмини имконоти зиндагӣ ва эҷоди заминаҳои рушду пешрафти ҷомеа.
  Ӯ  иҷрои ин вазифаҳоро барои пойдории ҷомеа ва давлат муҳиму ҳатмӣ шуморидааст.
  Нақши давлатро дар мавҷудият ва заволи ҳокимият ва ҷомеа муассир мешуморад.
  Ҳуқуқи иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат. Мискавайҳ иштироки фаъолонаи мардумро дар идоракунии давлат талаб намуда, онро рафтори зарурии шаҳрвандон (раийат) мешуморад. Аз назари ӯ инсон, ки мавҷуди табъан мутамаддин ва иҷтимоӣ аст, барои расидан ба ҳадафҳои худ бояд ҳамроҳи ҷамъият (иҷтимоъ), бо риояи қонунҳо, барои сарнавишти сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дар идоракунии давлат иштирок намояд.
  Ҳуқуқ ва масъулияти тарафайни ҳокимият(давлат) ва шахсият. Мискавайҳ  ҳудуди фаъолияти давлат, принсипи масъулияти тарафайни давлат ва шахсият, масъулияти шахсият (фард)-ро нисбат ба ҷомеа ва давлат муайян кардааст: "Ҳукумат наметавонад фардро ба коре бархилофи дастуроти қонун (қонунҳои амалкунанда) маҷбур кунад ва фард ҳам наметавонад аз ҳокимият чизеро талаб кунад, ки хориҷ аз ин чаҳорчӯбаи ҳуқуқ бошад. Ҳам ҳокимияти давлатӣ ва ҳам мардум вазифадоранд, ки дар тамоми рафторҳо ва тасмимоти худ адолат ва инсофро риоя кунанд". Аз маҷмӯи дидгоҳҳои Мискавайҳ бармеояд, ки дар сурати мутобиқати фаъолияти ҳокимият бо қонун, мардум вазифадоранд, ки бо ҳокимият ҳамкорӣ карда, ба он итоат намоянд.
  Таносуби ҳуқуқ ва қонуни шаръӣ, ҳуқуқ ва ҳақиқати динӣ. Мискавайҳ дар таълимоти иҷтимоию ҳуқуқии худ, ғайр аз масоили умдаю куллӣ, таносуби ҳуқуқи дунявию динӣ, қонун ва шариат, ҳуқуқ ва ҳақиқати диниро таҳлил намудааст. Ба андешаи Мискавайҳ, хушбахтии ҳақиқӣ насиби он нафаре мегардад, ки аввал ҳуқуқро азбар намуда, худро бо он комилан мутобиқ созад ва тибқи  аҳкоми он амал кунад,  сипас, замоне, ки ба балоғати ақлӣ ва рушди комил расид, бояд ҳикматро биёмузад, ва онро хуб дарк кунад. Яъне, ҳуқуқ барои тарбияи инсон нақши муҳим дошта, онро азхуд намудан ва тибқи он рафтор кардан талаби мутафаккир аст. Танҳо бо шиносоӣ бо ҳуқуқ инсон метавонад, ки ба илму ҳикмат ва ба омӯзиши илми калом машғул шавад. Ин андешаи мутафаккир ба ақидаи мутафаккири рус Илларион мухолиф аст, ки навишта буд: он нафаре, ки ҳақиқатро (илми калом -ҳақиқати динӣ. –С.Қ.) дарёфта аст, ба қонун эҳтиёҷ надорад. Ин андешаи Мискавайҳ дар замони муосир низ аҳамияти амалии худро гум накардааст, зеро ба инсон зарурияти аввал ба камолоти ахлоқӣ расидан, омӯзиши қонунгузории амалкунанда ва рафтори худро бо меъёрҳои он ва дигар меъёрҳои дар ҷомеа мутобиқ намудан, илму донишҳои  гуногунро азбар намуданро талқин мекунад. Ба андешаи мутафаккир, дар сурати риоя шудани чунин тартиби таҳсил ва касби илму донишҳои шаръӣ ва фалсафӣ, дар байни шариат ва илм (ҳикмат), яъне дар байни дин ва илму фалсафа  ҳеч бархурде  ва ё зиддияте боқӣ намемонад, баръакс, онҳо якдигарро тасдиқ ва такмил медиҳанд.
  Ҳамин тариқ, мутафаккири барҷастаи тоҷик Мискавайҳ дар таълимоти сиёсию ҳуқуқии худ масоили вобаста ба пайдоиши ҷомеа, ҳокимият, давлат ва ҷанбаҳои гуногуни он, инчунин оид ба масоили ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои он, таносуби ҷомеа, ҳокимият, давлат ва ҳуқуқ, қонун ва адолат дар мазмуни ҳуқуқӣ ва динӣ таҳлилҳо анҷом дода як қатор андешаҳои бикрро, аз ҷумла назорати мардум аз болои ҳокимияти давлатӣ, масъулияти тарафайни ҳокимият, давлат ва шахсият  то имрӯз мубрамияти худро гум накарда, баръакс ҳамчун ғояҳои демократӣ дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи махсуси худро доранд. Миллати тоҷик аз он ифтихорманд аст, ки мутафаккирони тоҷик аз қаъри асрҳо андешаҳоеро таҳия ва пешниҳод кардаанд, ки давоми ҳазорсолаҳо аҳамияти илмию амалии худро гум накарда, баръакс, сиёсатмадорону муҳақиққони ҷаҳони муосир зарурати бештарро нисбат ба онҳо эҳсос мекунанд.
 
 
 
Буризода Эмомалӣ Бозор,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи   ба номи А. Баҳоваддинови 
 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
Қодиров Саийидмуссо
 унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи   ба номи А. Баҳоваддинови 
 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
[1] Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ  бо олимони кишвар.18 марти 2020, ш.Душанбе// http://prezident.tj/node/22643
[2] Мискавайҳ. Ал-ҳавомил ва–аш-шавомил. –С. 68.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia