casino malaysia
casino malaysia
Роҳҳои пешгирии  терроризм ва экстремизми динӣ дар шароити  муосир

wrapper

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тамоми инсониятро ба ташвиш овардааст ин терроризм ва экстремизми динӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад, зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Таърих собит месозад, ки дар ҳар куҷое, ки экстремизм зуҳур намояд, ҷомеа аз фаъолияти созанда боз мемонад, нақшаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар аз мадди назар дур монда, ба рушди босуботи ҷомеа монеа эҷод шуда, душвориҳои зиёд ба бор меорад. Омӯзиши ҳуқуқҳои экстремизми динӣ дар Тоҷикистон ва омилҳои муайянкунандаи он яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад, ки онро зарурати таъмини рушди устувори ҷамъиятӣ тақозо дорад.
«Ифротгароии динӣ» яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси мансуб ба ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.
Мафҳуми «террор» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст. Мафҳуми «терроризм»  калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.
Мафҳуми «ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз калимаи арабии «ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ - тоҷикии «гаро» иборат аст, ки маънояш «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.
Терроризм ва ифротгароии динӣ ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои  муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
То ба имрӯз бо вуҷуди талошу муборизаҳое, ки ҷомеа ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ аз терроризми байналмилалӣ бурда истодааст, вале то ҳанӯз муввафақ нашудааст. Кишварҳои зиёде ҳастанд аз ҷумлаи Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ, Миср, Лубнон, Алҷазоир, ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон азоб мекашанд ва мардумонаш парешону бехонумон шуда истодаанд.  Амалҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гушаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва эктремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама нерӯи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани он гирифта шавад. Ҳарчанд мутаасифона сиёсати духураи баъзе аз кишварҳо боиси тобишҳои нав ёфтану зуҳур кардани ин вабои аср дар ҷаҳон мешавад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин тариқ афзун мегардад.
Дар ин миён нақши шабакаҳои интернети дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли охир дар Интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба “муваффақиятҳои чашмрас” ноил гаштаанд.  Тибқи таҳлилу гузоришҳо, махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияҳои ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 14 то 20-сола, махсусан хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи терроризм ва муқовимат бар зидди он рӯзмарра гардида, ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор қонуну санадҳои муҳим оид ба ин масъала, аз қабили «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ғайра таҳия ва қабул гардидаанд.
Пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм мисли дигар шаклҳои онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дур будан аз маърифати ҳуқуқӣ, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас аз он ҷумла ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар,  наёфтани ҷои аниқи  корӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо сабабгор мебошанд. Аз  ин  рӯ, яке  аз  проблемаҳои  муҳим  дар Тоҷикистон  тарбияи  маънавии  ҷавонон  ба шумор  меравад.  Тарбияи  маънавӣ  таҳкурсии асосии пешрафти ҷомеаи мо мебошад.
Оила, бе шубҳа, ниҳоди иҷтимоиест, ки ба ташаккули шахс бунёд мегузорад, ки дар тамоми ҳаёти инсон аҳамияти хоса дошта, сарҳади  маънавият  ва  кодекси  рафтору  кирдори  инсонро  муайян менамояд.  Маҳз  дар  оила  даври  аввали  иҷтимогароии  шахс  сурат мегирад.  Кӯдакон аз овони тифлӣ  дар доираи ғамхории  падару  модар  қарор  доранд.  Ҳар  як  рафтори  падару  модар барои кӯдак намунаи ибрат аст. Олим ва педагоги  рус А. Макаренко дар ин  хусус  чунин  нигоштааст:  “Шумо  гумон  накунед,  ки  фарзандатонро ҳангоми  дар  хона  будан,  муошират  ва  ё  ҳангоми  корфармоӣ  тарбия менамоед.  Шумо  фарзанди  худро  ҳар  лаҳза,  ҳатто  ҳангоми  дар  хона набуданатон низ тарбия менамоед. Чӣ  тавр либос мепӯшед, бо дигарон чӣ  тавр  муошират  менамоед,  лаҳзаҳои  хурсандӣ  ва  ғамгинии  шумо, суханрониву  хандаи  шумо,  муносибати  шумо  бо  дӯстон  ва душманонатон, мутоилаи  китобу маҷала ва рӯзномаҳо  –  ин  ҳама барои тарбияи  фарзанд  таъсири  бевосита  дошта,  дар  ташаккули  шахсияти  ӯ нақши муассир дорад”.
Аз  ин  рӯ,  қабули  Қонун «Дар  бораи  масъулияти  падару  модарон  дар таълиму  тарбияи  фарзанд»  боиси  пешгирии бисёр падидаҳои номатлуб гардид.
Бояд қайд намуд, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои  манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ)- ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ  даст мезананд.
Ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва расму оини худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад, аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад, миллати худро ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ шиносад. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад».
Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Бо гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш аст. Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.
Хусусиятҳои ифротгароӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб дохилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони гурӯҳҳои ифротгароӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.
Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Мо, тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, бояд ба қадри сулҳу ваҳдат бештару бештар бирасем, зеро ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси  ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз шарофати ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки бештар аз як миллион муҳоҷирони фирорӣ аз дигар мамолики кишвар ба макони хеш баргаштанд.
Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро имрӯз зарур аст ки ба хотири такрор накардани хатои солҳои 90-ум андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими он талош варзанд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш таъкид намудаанд: “Ҷавонон ояндаи миллатанд ва ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост...”
Бояд вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони  моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамон – Тоҷикистонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.
Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ дар ба ҳам овардани миллати тоҷик нақши боризе гузошт ва бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуда мардуми кишвар аз пайроҳа  ба шоҳроҳи бузурге қадам гузоштанд, ки ин  дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид ва ҳамин гомҳо таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар гузошт.
Имрӯз нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзуда, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат нисбати он диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар давоми соҳибистиқлолӣ як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ, инчунин баланд намудани стипендияҳои магистрон, аспирантон ва докторантон, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз тарафи Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон таъкид мекунанд: «…имрӯзҳо илм дар ҷаҳон бо  суръати  кайҳонӣ  пеш  меравад,  ҳар  рӯз  технологияҳои  нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба вуҷуд меоянд, ки истифодаи онҳо дониш,  ақл,  маҳорату  малакаи  баландро  талаб  мекунад.  Дар  чунин шароит ҷавонони мо бояд ҳар гуна ақидаҳои мутаассибӣ  ва таассубро қатъиян  нобуд    созанд,  барои  азхуд  намудани  дастовардҳои  илму техникаи муосир саъй намоянд, афкор ва  ҷаҳонбинии худро такмил бахшанд, бо донишҳои навтарин муҷаҳҳаз гарданд, ба  қадри кофӣ баробари замон қадам зананд ва пойдории сулҳу оромиву   суботи сиёсии Тоҷикистонро  ба таври  ҳамешагӣ таъмин намоянд». Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯзиши илму дониш машғул гарданд, то ба доми ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ наафтанд. Аз ин рӯ, ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, бояд ба ҳар хел ваъдаю найрангҳои душманони миллати тоҷик бовар накунанду худро ба доми онҳо напартоянд.
         Чунки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи бузургу бунёдгару созандаи давлату кишвар маҳсуб мешаванд. Дар ин маврид файласуфи машҳур Арасту низ бомаврид  гуфтааст: “Ҳама касоне, ки хусусияти санъати тафаккурро  дарк намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи  ҷавонон вобастагӣ дорад”.
Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи коршиносон, дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидан аз манфиат холӣ нест.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа мунтазам меафзояд. Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мудаввом таъкид  мегардад, ки    «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои Ватандӯстиву Ватанпарастӣ мебошад».
Маҳз бо ҳамин мақсад, тӯли чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»,  «Илм  –  фурӯғи  маърифат», «Тоҷикистон  –  Ватани  азизи  ман»  бо  ташаббуси  бевосита  ва бо  сарпарастии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  роҳ монда шудааст. Сатҳи  илму дониш  ва  саводнокии аҳли  ҷомеа  пойдории  ҳар  давлату  миллатро  дар  саҳифаҳои  таърихи инсоният  ҳифз  менамояд.
Ҳамчунин дар ин замина озмуни  ҷумҳуриявии  «Тоҷикон»  –  оинаи  таърихи  миллат”  бо мақсади  арҷгузорӣ  ба  таърихи  пурифтихори  миллати  тоҷик,  омӯзиши  корнамоиҳои  шоистаи  ниёгони  миллати  тоҷик,  таҳкими  ҳофизаи таърихӣ  ва  шинохти  нақши  халқи  тоҷик  дар  рушди  тамаддуни  инсоният, ки  бо  далелҳои  раднопазир  дар  китоби  пурарзиши  академик  Бобоҷон Ғафуров инъикос ёфтааст, баргузор мегардад. Баргузории  озмуни  ҷумҳуриявии  «Илм  –  фурӯғи  маърифат»,  ки мақсади  он  барои  рушди  тафаккури  техникӣ,  васеъ  намудани ҷаҳонбинии  илмӣ,  дастрасӣ  пайдо  кардан  ба  техникаву  технология, тавсеаи  ихтироъкорӣ  ва  навоварӣ,  пайвасти  илм  бо  истеҳсолот,  ҷалби бештари  хонандагону  донишҷӯён  ва  дигар  қишрҳои  ҷомеа  ба  омӯзиши фанҳои  риёзӣ,  дақиқ  ва  табиӣ  нигаронида  шудааст,  талаботи  замон  ва иқдоми  саривақтӣ  мебошад,  зеро  асри  XXI  давраи  босуръати  илму техника  ва  технология  буда,  марҳилаи  таҳаввулоти  ҷиддии  илмиву техникӣ  дониста  мешавад.  Рушди  ҳар  кишвар  бошад,  дар  замони  муосир бо  воситаи  мутахассисони  ба  талаботи  бозори  меҳнат  ҷавобгӯ, пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани ихтирооти нави илмӣ таъмин карда мешавад.
Ҷавонони мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона созанд. Дар замони муосир, ки илму техника пешрафт намудааст, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд. Ҳар як ҷавонро лозим аст, ки  фикри худро ба оинҳои хурофотӣ банд накарда, дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Масъалаи таъминоти кадрӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замони муосир ва фароҳам овардани шароитҳои зарурии ташаккулёбии мутахассисони ҷавон дар ҷомеа доимо зери меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, пайваста тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Имрӯз аз ҳисоби масъулин ва кадрҳои дар соҳаи кор бо ҷавонон фаъолиятдошта, ба ҳайси роҳбари мустақил дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳуриву вазорату идораҳои давлатӣ кору фаъолият доранд.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо рӯҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфно ва умқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
       Олимон ва донишмандони дигар халқу миллатҳо низ ба он назаранд ки одоб ва таълиму тарбияи неки инсонӣ, ки яке аз рукнҳои асосии фарҳанг дар ҷомеа ба шумор меравад дар пояи аввали ахлоқ қарор мегирад. Аз ҷумла, файласуфи амрикоӣ  Ҷон  Дюи ичунин ақида дорад, ки «таълиму тарбия омода кардани афрод барои зиндагӣ нест, балки худи зиндагӣ аст».
Мутафаккири бузург Ибни Рушд мисли дигар мутафаиккирони Шарқ мавҷудоти оламро объективӣ эътироф намуда, донисташавии онро ба воситаи эҳсосот маъқул дониста, қайд мекунад, ки ба бахту саодат ноил шудан дар ҳаёти воқеъӣ фақат ба воситаи илму маърифат муяссар мегардад. Дониш инсонро аз торикию ҷаҳолат ва гумроҳӣ наҷот дода, дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёташ мададгор хоҳад шуд.
Дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари меъёрҳои байналмилалии давлатдории муосири мо анъанаҳои арзишманди тарбиявию ахлоқиро бояд ҳамчун унсури ғояи миллӣ истифода намоем. Афкори мутафаккирони Шарқу Ғарб барои ба ҷо овардани эҳтироми якдигар дар ҷомеа, эҳтиром нисбати падару модар, ёру дӯстон, фарҳанги милилии худ, нисбат ба ватан ҳидоят менамояд.
         Бояд зикр намуд, ки  дар осори зиёде аз мутафаккирон ва олимони барҷаста фазилатҳои ахлоқӣ, гуфтору рафтори нек ҳамеша дар пояи аввали ахлоқи инсонӣ меистад. Ба ақидаи мутафаккири асри IX-X Мотурудӣ, аз  надоштани илму  дониш ҳолате ба вуҷуд меояд, ки ҳолати табии инсон торик вонамуд шуда, зери таъсири омилҳои зоҳирию ботинӣ, аз ҷумлаи майл, андеша, одат, муҳит ва ғайра қарор мегирад ва аз ин лиҳоз наметавонад, барои инсон шинохти дурусте фароҳам оварад.
Дар «…рӯ ба башаргароӣ  овардани ҷомеа, танзими муносибатҳои  байни одамон ва байни миллатҳо нақши санъат, фарҳанг ва тамаддун бузург мебошад». Таърихи навини Тоҷикистон барои халқи тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Ва дар ин замина  давлат,  миллат ва тамоми  тоҷикистониён вазифадоранд¸ ки дар таҳкиму устувории пояҳои низоми давлатдории навин нақши арзанда гузоранд. Дар муқобили  ҳама ҳолатҳо душвор истодагарӣ намуда, худшиносии миллӣ доштану эҳтиром  ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат, эҳё ва  созандагиҳои тафаккури нав дар заминаи рушду нумуи кишвари соҳибистиқлол вусъат диҳанд. Мо агар  ба таърихи  ғании фарҳанги қадимаи худ дақиқтар назар дӯзем,  хоҳем дид, ки доштани маърифати баланди худшиносии миллӣ  онҳоро дар ҷаҳон  мондагор кардааст. 
Ифтихор  аз  гузаштаи  таърихи  кӯҳанбунёди  хеш  вақте  пайдо мешавад, ки аз он огоҳ  бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ,  зеро  таърихи  фарҳангу  тамаддун,  забон,  адаб,  урфу  одат  дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо  талошу  муборизаҳои  ниёгонамон,  пешвоён  ва  сарлашкарон:  - Спитамен,  Темурмалик,  Муқаннаъ,  Шерак,  Исмоили  Сомонӣ,  Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ  Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров  ва  даҳҳо  зиёиёну  сиёсатмадорони  шарафманди  дигар  тавъам  буд.
Олимону адибони мо дар ин солҳо ба таҳқиқи бадеии рӯзгори мардум, ба мавзӯъҳои миллӣ ва асолати миллӣ дар заминаи шинохти таърихи миллат рӯ оварда, дар ин замина, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарварона асарҳои таърихиеро ба майдон оварданд, ки дар онҳо ҳаёти мураккаби гузаштаи халқи худ таҷдиди назар шуда, роҳи тайнамудаи миллат дар муддати таърихи дароз инъикос гардидааст. Асарҳои зиёде таълиф гардиданд, ки фарогири таърихи миллат, армонҳои миллӣ, ифтихор аз гузаштагону аҷдодони барӯманди хешанд. 
Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Барои пешгирӣ намудани воридшавии идеологияи экстремистӣ ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз ҳар як фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, алалхусус ҷавонон месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқии хеш бошанд. Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда  парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Бинобар ин, мо – шаҳрвандони  кишвар ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти давлатӣ худро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем ва  барои  таълиму  тарбияи  наврасону  ҷавонон  дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ, худогоҳиву  худшиносӣ,  инчунин,  ҷалби  онҳо  ба  корҳои  созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким  бахшидани  ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. 
 
 
Иброҳимова С.Ҳ. – н.и.ф., ходими
 калони Шуъбаи онтология, гносеология
ва мантиқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови АМИТ
 
 
                                         

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia