casino malaysia
casino malaysia
Наврӯз иди файзбори баҳорӣ

wrapper

  Наврӯз аз маросимҳои қадимаи мардуми ориёӣ ва тоҷику форс буд. Аҷдодони мо онро ҷашн мегирифтанд ва расму оинҳояшро ба ҷо меоварданд. Дар гузаштаи наздик дар аксари кишварҳо, аз он ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, махсусан суманак, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатозакунӣ, ба хурду калон пушонидани либоси миллӣ ва наву тоза, паҳнкунии дастархони наврӯзӣ ва амсоли инҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо имрӯз ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи Марказӣ, Кавказ, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба даврони муосир мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Бо гузашти замон ҳавзаи ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ барои эҳёи ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвари мо саъю талош намуданд, то ки он ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ ва байналмилалӣ табдил гардад.
Соли 2010 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гузаронидани Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Мувофиқи маълумоти сайти интернетӣ, зиёда аз 11 кишвари ҷаҳон Наврӯзро ба расмияти ошкор шинохт[1]. Дар бисёр кишварҳо, ки қаблан ҷашнгирии Наврӯз расмӣ набуд, ҳар сол мардум маросими Наврӯзро баргузор карданд. Дар даврони муосир ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бунёдии кишварҳои Осиёи Миёна шинохта мешавад. Алҳол иди Наврӯзро дар Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Туркаманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Булғористон ва ғайраҳо ҳарсол бо тантана ҷашн мегиранд.    
  Ҳамчунин ҷамъомадҳое бо номи «Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз» пайдо шуд, ки дар он сарварони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷамъ омада, ин маросими баҳориро гиромӣ медоранд.     
  Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, баракату неъмат, оқибат ба хайр шудани сол, сиҳативу бардамӣ, рафъи офату балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тару тоза бо шодобию рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» пешвоз мегиранд.
  Бояд тазаккур дод, ки Наврӯз аз суннатҳои фарҳангии қадимтарини мардуми тоҷику форс буда, чун Тиргону Меҳргон ва Сада то даврони ҳозир арзишҳои худро гум накардааст. Арзишҳои ҷашни Наврӯз гувоҳи онанд, ки аҷдодони мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳангу тамаддуни воло будаанд.
  Наврӯзро дар даврони муосир миллати тоҷик ҳамчун иди суннатии миллӣ бо шавқу завқ ва ифтихору самимияти зиёде дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳотҳо бо базму тараб ва тайёр намудани пухту пазҳои солинавӣ-баҳорӣ бо умеди баракату фаровонӣ ҷашн мегиранд. Зеро ки ин маросим ҳамчун рамзи файзу сарсабзӣ ва оқибат ба хайр шудани сол аст. Дар даврони истиқлол ҷашнгирии он боз ҳам зеботару бошукуҳтар ва бо омезиш бо фарҳанги суннатӣ - замонавӣ мегузарад. Ҷашнгирии Наврӯз ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо, шинонидани ниҳолу гулчанбарҳо, хонатаконӣ ва шустушӯй намудани тамоми зарфу сару либосҳои хона ҳамчун рамзи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли куҳна, аспдавонӣ, гуштингирӣ, кабк ва хурусҷангӣ, хона ба хона аввалин гулҳои баҳориро расонидан, ки аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзии мардуми тоҷик аст, ба ҳисоб меравад.
Дар эҳё намудани фарҳангу маросим ва арзишҳои суннатии аҷдодӣ, аз он ҷумла Наврӯз хизмати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва шоёни таҳсин аст. Дар фарҳанги халқи тоҷик Наврӯз «…аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад».[2]
  Гиромидошти Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки он ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, маърифати ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллии мардум, махсусан ҷавононро огоҳона боло мебарад. Зеро миллате, ки фарҳангу суннат ва анъанаву тамаддуни гузаштаи хешро надонад, наомӯзад ва нашиносад, шабеҳи кафки рӯи об пуч ва холӣ аз ҷавҳар аст. Шинохтану омухтан ва донистан аз фазилатҳои ахлоқии инсон буда, нишонгари эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва суннати ниёгонамон мебошад. 
  Шеъру сурудҳои Наврӯзӣ дар васфи бузургдошти фасли баҳор, омадани соли нави аҷдодӣ ва сарсабзии табиат, ки мутафаккирону шоирон эҷод кардаанд, дар рӯзгори гузаштаву имрӯза дар наврӯзгоҳу кӯчаю хиёбонҳо ва дашту саҳроҳо баланд садо медоданд ва ҳоло низ бо шукуҳтар садо медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» аз омадани соли нав – Наврӯз хабар дода менависад:
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуд аз ранҷ дил, тан зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рузгор,
Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.
Сайидои Насафӣ – мутафаккири машҳури халқи тоҷик дар яке аз шеърҳои худ фасли Наврӯзро бо мисраҳои ширину шево тараннум намуда фармудааст:
Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,
Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.
Бар сари афтодагон афтода савдои либос,
Сарв мехоҳад дар ин мавсим қабои тозае….
Дода хуршеди фалак табдил ҷои хешро,
То шавад оинарӯёнро сафои тозае.
  Намоишҳои идонаи мардумӣ ва ҷамъомадҳову сайру гаштҳои наврӯзӣ аз қадимулайём то ба имрӯз бо шеъру мусиқӣ, оҳангу сурудҳо, рақсу бозиҳо, гуштингириву аспдавониҳо ва шодию фараҳмандӣ идома ёфтааст. Агар назаре ба таърих афканем, пас маълум мекунем, ки ҷашну тантанаҳои Наврӯзӣ дар замони Сосониён хеле бо ҳашамату тантанавор пешвоз гирифта мешуд. Дар даврони Сосониён мусиқӣ дар айёми ҷашни наврӯзӣ мақоми хосе дошт. Аз ҷумла, дар даврони худ Ардашери Бобакон сарвари гурӯҳи мусиқидонон буд, ки ӯро дар сафи табақаи писандидагон ҷой дода, навозандагонро бар ҳамаи табақот муқаддам мешумориданд.
  Созу дастгоҳҳои мусиқие, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ, дар замони Сосониён мавриди истифода қарор мегирифтанд аз чанг, тор, уд, рубоб, танбур, сетор, най, шайпур ва ғайраҳо иборат буд.
Навохтани созу сурудҳои суннатӣ-маҳаллӣ, табрику муборакбодии омадани Соли нав – Наврӯз ба ёру дӯстон, ҳамкорону наздикон ва хешовандон тавассути мусиқинавозону наврӯзхонон рӯзҳои наврӯзиро боз ҳам дилкашу бо тароват ва зебо мегардонад ва ба қалбу рӯҳи одамон умеди зиндагии рушану шодкомӣ, баракату раҳмат, муҳаббат ва ваҳдату ягонагиро ҷо медиҳад.
  Аз ҳама муҳимаш он аст, ки субҳи рӯзи аввали Наврӯз яке аз фаъолони Ҷашни наврӯзӣ бо садои карнай ва қироати шеърҳои наврӯзӣ бо садои нарму ҷазоб аз омадани баҳор, Наврӯзи хушқадам – Соли нав хабар медиҳад, ки мардум бо як шавқу шур ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, аз Наврӯз истиқбол мекунанд.
  Дар истиқболи Наврӯз ва маросими ҷашнгирии он дар шаҳри Душанбе хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст, ки мо шаҳрвандон аз фаъолияти ӯ қаноатмандем.
Дар рӯзҳои Наврӯзӣ хурду калонсолон бо сари либосҳои тозаву нав ва рангоранг ба берун ва чаману даштҳо баромада, сайру гашти сабзаву чаманзор, гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои идона мекунанд. Деҳқонон бошанд, дар ин айём ҳарчи бештар ба кишту кошт машғул мешаванд. Дар ноҳияву деҳотҳо гурӯҳи мардум, махсусан ҷавонон ба тозакунии ҷӯйбору каналҳо ва шинондани ниҳолҳо машғул мегарданд, ки ин манзараҳо ба машоми кас бӯи тару тозагӣ, покиву озодагӣ ва муҳаббат ба зиндагиро мерасонанд.
  Рӯзҳои наврӯзӣ мардум дар назди ҳавлию даштҳо дегҳои суманаку далда, ошу омочҳои суннатӣ ва дигар пухту пазҳои шириниҳои хешро гузошта, атрофро аз бӯи хушу лаззатбахши ин неъматҳо муаттар месозанд. Дар шаҳрҳо бошад мизҳои наврӯзӣ бо таому шириниҳои суннатӣ, сабзиҷоти баҳорӣ, шарбатҳои мевагӣ ва ғайраҳо дар шакли ҳозиразамон омода сохта мешавад ва шаҳрро ба шаҳри идона табдил медиҳад.
Анъанаву маросимҳои наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син, ё ҳафт шин, гирён кардан шамъ ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум боз як рӯҳия ва умед ба имрӯзу фардо бахшида, қалбҳоро пур аз орзӯю омолҳои нек мегардонад. Ба ин муносибат Сайидои бузургвор фармудааст:  
Метавон донист, ҳамчун шишаи май, Сайидо,
Дар дили ҳар кас, ки бошад муддаои тозае.
  Дар айёми Наврӯз ба этикаю эстетика ва беҳдоштӣ риоят намудан низ аз шартҳои ҷашнгирии Наврӯз мебошад, яъне риоят намудани ахлоқи суннатии идона ва покиву тозагии гуфтору рафтор ва ҷисму рӯҳ аз арзишҳои муҳимтарин ва беҳтарин андешаҳо дар ҳикмати Наврӯз мебошад. Дар ҳақиқат дар арафаи ҷашни Наврӯз шустушӯю поксозии бадан, либосҳои тоза дар бар кардан, хонаву ҳавлӣ ва боғу боғчаҳои назди ҳавлигиро тозаву обод намудан аз шартҳои муҳими ҷашнгирии Наврӯз барои ҳар як хонадони солим аст. Аз ин ҷо, бо муҳаббат, бо ишқ ва бо ихлосу эътиқод истиқбол намудани ҷашни Наврӯз барои боло гирифтани фазилатҳои ахлоқии мардум ба разолатҳо, инчунин иҷтимоӣ шудани онҳо кумак мекунад. Аз тарафи дигар, муносибати инсон ба табиат ва неъматҳои он афзоиш ёфта, боиси пешрафт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавӣ ва табиатдӯстии ӯ мегардад.
Дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ доштани ҷашни Наврӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст»[3].
Итминон дорем, ки омодагӣ ба истиқболи Наврӯзи имсола имкон медиҳад, ки ин Ид бошукуҳтар ҷашн гирифта шавад ва орзуҳои ҳар яки мо ҷомаи амал пӯшад. 
Муродова Тоҷинисо – номзади илмҳои фалсафа
ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] https;//fa.wikipedia. org/wiki/
[2] Эмомалї Рањмонов. Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат. Љил. 6. Душанбе, 2006.-С.491
[3] Њамон љо.-С.491

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia