casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Мафҳум ва мазмуни ҳуқуқии падидаи узуфрукт

  Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ин ҳуқуқҳои субъективии граждание мебошад, ки баҳри таъмини манфиатҳои як субъект оид ба  танҳо истифода намудан, яъне ки истифодаи ашёи як шахси дигар бидуни ихтиёрдорӣ ва соҳибият, ашёи бо нишони инфиродӣ мушаххасе, ки ба дигар субъект дар ҳуқуқи моликият қарор дорад, равона карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ягона ҳуқуқи субъективии граждании ашёӣ - ин ҳуқуқи моликият мебошад, ки ба дорандаи моликият, яъне соҳибмулк се ваколатро-  соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани моликияташро медиҳад. Аз ин бармеояд, ки танҳо ва танҳо ҳуқуқи моликият ҳамчун ҳуқуқи пурраи ашёӣ эътироф карда мешавад. Вале аз қадимулайём дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳолатҳое дида мешуданд, ки соҳибмулк субъекти дигар асту истифодаи ашёи он ба субъекти дигар гузаштааст.  Муфассал ...
Хондан 1517 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Асосҳои конститутсионии ҳуқуқи иттилоотӣ

  Ҳуқуқи иттилоотӣ – яке аз соҳаҳои низоми ҳуқуқи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷамъоварӣ, тавлид ва паҳн намудани иттилоотро дар бар мегирад. Ҳарчанд ин соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон навташкил аст, вале то андозае рушди худро ёфта, дар танзими муносибатҳои иттилоотии ҷомеа нақши муҳим гузоштааст. Татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрванд дар соҳаи иттилоот дар байни манфиатҳои миллии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Инкишофи илму техника раванди бефосилаву мураккаб бошад ҳам, аммо барои пешравии ҷомеаи муосир аҳамияти зиёд дорад. Сиёсати давлатии иттилоотонӣ, маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маданӣ ва ташкилие мебошад, ки барои муқаррар намудани афзалиятҳои умумидавлатии рушди муҳити иттилоотонии ҷомеа, муносибатҳои иттилоотӣ ва дарёфти имкониятҳо барои ба ҷамъияти иттилоотӣ дохил шудани Тоҷикистон равона шудааст. Муфассал ...
Хондан 1684 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Албатта, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани давлат сарнавишти миллат бо дасти худаш иншо гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти  сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад. Дар ин росто, шароити инкишоф ва ташаккулу такомули давлатдорӣ дар бисёр ҳолат аз сатҳи инкишоф ва танзимёбии муносибатҳои ҷомеа вобастагии зич дорад. Муфассал ...
Хондан 1139 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ

  Баъд аз барҳам хурдани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи таърихии давлатдорӣ сар мешавад. Маҳз аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шурӯъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном “ҳукумати мусолиҳаи миллӣ” имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд. Муфассал ...
Хондан 2832 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia