casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Выборы Президента Республики Таджикистан-2020: мнения и правовая действительность. НИАТ «Ховар» представляет компетентные мнения ученных

  Право в любом обществе признается универсальным инструментом регулирования общественных отношений. По этим основаниям, любые общественно значимые явления в настоящее время регулируются законами и другими нормативными актами. Это положение наиболее актуализировано в настоящее время, когда структура общественных отношений становится сложной, а их регулирование приводит к ранее не известным, не апробированным правом явлениям. Муфассал ...

Тоҷикистон барои коҳиши шиддати паёмадҳои эҳтимолии бемории короновирус ба ҳаёти ҷомеа

   Имрӯзҳо афкори ҷамъиятӣ ва фазои маҷозии бештари кишварҳоро масоили марбут ба паёмадҳои эҳтимолии бемории ҳамагири вируси COVID-19 фаро гирифта аст. Пешниҳоди диду назарҳои мухталиф гувоҳи хеле амиқ ва густурда будани таъсири ин падида ба ҷанбаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеаҳои муосир мебошанд.  
   Қобили зикр аст, ки то авҷи буҳрони  марбут ба коронавирус дар фазоҳои мазкур таваҷҷӯҳи олимону коршиносон бештар ба омӯзиши масоили глобализатсия ва оқибатҳои он нигаронида шуда буданд. Зимни ин таҳлилҳо таъкид мегардид, ки моро раванди ҷаҳонишавӣ ба тадриҷ ба эъмори як ҷомеаи истеъмолӣ мувроҷеҳ месозад ва дар ин замина моделҳои мухталифи чунин як ҷомеаи эҳтимолӣ таҳия мегардид. Ин аз ҷониби афкори ҷамъиятӣ мусбат ва ё бетарафона қабул мегардид, зеро истеъмол ҳамеша қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон буда, шарти муҳим барои рушди иҷтимоӣ ва таъмини идомаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Пас аз зуҳуру домангустарии пандемияи вируси COVID-19  на танҳо тарзи ҳаёти миллионҳо одамон тағйир ёфт, балки дар ин ҷараён самти омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дигаргун шуд.  Мавзуи бештари пажуҳишу интишороти расонаҳои имрӯза бештар ба баррасии ин бемории ҳамагир ва оқибатҳои он бахшида мешаванд. Бар асари чунин таҳаввулоти мафкуравӣ аллакай аломатҳое аз худ гувоҳӣ дода истодаанд, ки тамоюлоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи арзишию сохторӣ дигаргун мешавад. Моделҳои ҷомеасозӣ роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи бехатар ва ё амниятгаро мераванд. Он арзишҳое, ки пештар по бар ҷой буданд, акнун ҷойи худро ба арзишҳои дигар медиҳанд.  Яъне ҳарчанд ҳеҷ кас аниқ намедонад, ки пас аз карантину маҳдудиятҳо вобаста ба COVID-19  ҳаёт чӣ гуна тағйир меёбад, аммо ҳоло уфуқҳои тасвири нави дунёи муосир ба тадриҷ пайдо шуда истодааст. Муфассал ...

Мукофоти давлатӣ ба муовини директори Инситути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ муборак бошад!

  Дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муовини Директор  оид ба илм ва таълими  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ  сарфароз гаштанд, ки боиси шодӣ, ифтихор ва сарфарозии ҳайати кормандон, ходимони илмӣ, унвонҷӯен, магистрони институтамон гардид. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia