casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

УМЕДОВ МАСТОН ХАМДАМОВИЧ

УМЕДОВ МАСТОН ХАМДАМОВИЧ
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени доктора философских наук
Дата публикации объявления: 18.03.2022 г.
Дата защиты: 21.06.2022 г., в 13:00 часов Муфассал ...

Оғӯш пур аз ёсуман, хуш омадӣ, Наврӯзи ман (табрикоти Наврӯзӣ)

  Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва ваҳдати комили миллӣ истиқбол мегиранд. Муфассал ...

Наврӯз иди файзбори баҳорӣ

  Наврӯз аз маросимҳои қадимаи мардуми ориёӣ ва тоҷику форс буд. Аҷдодони мо онро ҷашн мегирифтанд ва расму оинҳояшро ба ҷо меоварданд. Дар гузаштаи наздик дар аксари кишварҳо, аз он ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, махсусан суманак, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатозакунӣ, ба хурду калон пушонидани либоси миллӣ ва наву тоза, паҳнкунии дастархони наврӯзӣ ва амсоли инҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо имрӯз ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи Марказӣ, Кавказ, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба даврони муосир мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Бо гузашти замон ҳавзаи ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ барои эҳёи ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвари мо саъю талош намуданд, то ки он ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ ва байналмилалӣ табдил гардад.
Соли 2010 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гузаронидани Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Мувофиқи маълумоти сайти интернетӣ, зиёда аз 11 кишвари ҷаҳон Наврӯзро ба расмияти ошкор шинохт[1]. Дар бисёр кишварҳо, ки қаблан ҷашнгирии Наврӯз расмӣ набуд, ҳар сол мардум маросими Наврӯзро баргузор карданд. Дар даврони муосир ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бунёдии кишварҳои Осиёи Миёна шинохта мешавад. Алҳол иди Наврӯзро дар Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Туркаманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Булғористон ва ғайраҳо ҳарсол бо тантана ҷашн мегиранд.     Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia