casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдати миллӣ – неъмати бебаҳост!

  Яке аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Ваҳдат ва ягонагии миллӣ хавфи аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат пешгирӣ карда шуд.
  Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Муфассал ...

Мирзошоҳрух Асрорӣ: Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ беназир аст.

Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
  Дар шароити пуртазод, ки хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа муҳиму зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат такягоҳу пойдевор ва рукни асосии суботу шукуфоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар роҳи таҳким бахшидани манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ роҷеъ ба китоби тозанашраш “Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба нашр расид, суҳбат намудем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем. Муфассал ...

Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва Ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми Истиқлоли давлатӣ

   Ҷаҳони пуртаззод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба тамоми равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо, муносиботи байналмилалӣ таъсири боризе ворид кардааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаи худ такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода намудани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон, истиқлоли худ водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia