СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Семинарро директори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба 80-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрику таҳният намуда, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу намуданд.
Инчунин қайд намуданд, ки дар таърихи башарият Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз санаҳое мебошад, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи худро дар сарнавишти мардуми олам боз ҳам бештар аён гардонидааст ва барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Имрӯз сокинони Тоҷикистон бо шукронаи Ватани маҳбуб ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд ва дар кишвар сулҳу субот пойдор аст. Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад.
Директори Институт инчунин қайд намуданд, ки мо вазифадорем, ки фарзандони худ – наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, бо ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ ба камол расонем.
Дар кори семинар доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ Саидумар Раҷабов дар мавзуи ”Саҳми тоҷикистониён дар роҳи ба даст овардани Ғалабаи бузург (с.1941-1945)”, ва доктори илмҳои ҳуқуқ профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир Бабоҷонзода Исрофил дар мавзуи “Проблемаҳои назарявии тадбиқи ҳуқуқ ва таъмини тартиботи ҳуқуқи дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” маъруза намуданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру ақидаҳои худро баён намуданд.