НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТАШКИЛИИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ноиби Президенти АМИТ доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён М. муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зиёи Х.М. ва кормандони Институт иштирок намуданд.
Дар раванди ҷаласа муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Х.М дар семоҳаи аввали соли 2025 баромад намуд.
Дар ҳисобот оиди фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, нашри корҳои илмӣ, нашри корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз рӯи лоиҳаҳо, номгӯйи мақолаҳо илмие, ки дар хориҷӣ кишвар ба чоп расидаанд, номгӯйи мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳуриявӣ ба чопрасидаанд ва маводҳои конфронс, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди муассиса, фаъолияти илмиву ташкилии муассиса маълумотҳо баррасӣ шуданд.
Ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию тадқиқотии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар семоҳаи аввали соли 2025 аз тарафи ноиби президенти АМИТ Саломиён М. ва шунавандагон хуб пазируфта шуд.
