Китоби нав оид ба низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкории байни муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон бо Русия давом дорад. Маҳсули ин ҳамкорӣ китоби тозанашр бо номи «Правовая система Республики Таджикистан: коллективная монография / под ред. Е. С. Аничкина, Р. Р. Рахмаджонзода, В. В. Сорокина; Министерство науки и высшего образования РФ, Алтайский государственный университет. — Барнаул: Изд-во Алт. ун-та, 2025. — 428 с.» мебошад, ки дар ҳаммуаллифии устодони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва аз ҷониби Федератсияи Русия Донишгоҳи давлатии Олтой таҳия шудааст.
Дар таҳияи монографияи дастаҷамъӣ 27 нафар докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамчун муаллиф фаъолона иштирок доштанд. Аз кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор, д.и.ҳ., профессор, узви пайвастаи АМИТ Раҳимзода Маҳмад Забир, д.и.ҳ., профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, д.и.ҳ. Нематов Акмал Рауфҷонович дар масоили гуногуни бахшида ба низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни монография андешаю таҳқикоти худро пешниҳод кардаанд.
Дар монография як қатор масоили мубрамми илмӣ ва амалӣ мавриди омузиш ва хулосабарорӣ қарор гирифта, муаллифон кушиш намудаанд, то масоили мавҷудаи ҳуқуқиро дар вобастагӣ ба рушди фарҳангу тамаддуни муосир таҳлил намоянд.
Монография барои истифодаи умум, махсусан кормандони илмӣ, кормандони амалия, мақомоту муассисаҳои давлатии мливу таълимӣ, донишҷуён ва онҳое пешниҳод мешавад, ки ба масоили таҳлилшуда иртибот доранд.
