ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!
Имрӯз, 28 феврали соли 2025, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкурро муовини раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати иштирок изҳори миннатдорӣ намуд.
Сипас, муовини раиси Шуро иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон шинос намуд. Дар рафти ҷаласа, бандҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур мавзуъҳои илмии унвонҷӯёни Институт ва мушовирони онҳо тасдиқ карда шуданд.
