Skip to main content

МАҶМУАИ МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ АЗ ЧОП БАРОМАД!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҷмуаи маводи Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Сиёсишавии дин ва хатари он ба амнияти фарҳангӣ ва суботи динии ҷомеа» ба табъ расид.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши равандҳои иттилоотӣ ва таҳаввулоти босуръати геосиёсӣ масъалаи муносибати дин ва сиёсат ба яке аз мавзӯъҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ табдил ёфтааст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, мавзӯи конференсия аҳаммияти махсуси илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба омӯзиши омилҳое равона гардидааст, ки метавонанд ба амнияти фарҳангӣ, суботи динӣ ва ваҳдати ҷомеа таъсири мусбат ё манфӣ расонанд.

Дар маҷмуа мақолаҳои олимон, муҳаққиқон ва коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилоти олӣ ва марказҳои таҳлилӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо гирдоварӣ шудаанд. Муаллифон дар доираи таҳқиқоти худ масъалаҳои мубрами сиёсишавии дин, таҳдидҳои идеологӣ, роҳҳои пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ, нақши давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти маънавӣ ва суботи ҷомеаро мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор додаанд.

Аҳаммияти маҷмуа дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо ҷанбаҳои назариявии масъалаҳоро инъикос менамояд, балки роҳу усулҳои амалии муқовимат ба таҳдидҳои муосирро низ пешниҳод мекунад. Дар шароите, ки гурӯҳҳои манфиатдор ва неруҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд арзишҳои диниро барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода баранд, таҳқиқ ва баррасии илмии чунин масъалаҳо барои ҳифзи суботи ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳаммияти хосса касб менамояд.

Нашри маҷмуа саҳми арзандаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди афкори илмӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ, густариши муколамаи илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои марбут ба амнияти миллӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Инчунин, он барои олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон, донишҷӯён, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи шахсони алоқаманд ба масъалаҳои дин, сиёсат ва амнияти ҷомеа ҳамчун манбаи арзишманди илмӣ хизмат хоҳад кард.

Раёсати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ нашри маҷмуаи мазкурро натиҷаи ҳамкории самарабахши муҳаққиқон ва мутахассисон арзёбӣ намуда, ба ҳамаи муаллифон, иштирокчиёни конференсия ва ҳайати таҳририя барои саҳми арзандаашон дар рушди илми ватанӣ изҳори сипос менамояд ва дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба онҳо комёбиҳои нав ба нав орзу мекунад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121