ХУШХАБАР!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҷмуаи маводи Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ» ба табъ расид.
Дар маҷмуаи мазкур натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирдоварӣ гардида, масъалаҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ, рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар шароити муосир мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтаанд.
Маҷмуа бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва нашр гардида, ҳамчун манбаи муҳими илмӣ барои муҳаққиқон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён пешниҳод мегардад.
Ба ҳамаи муаллифон, иштирокчиён ва ҳайати таҳририя барои саҳми арзандаашон дар рушди илми ватанӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодӣ барору комёбиҳои нав орзумандем.
