ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Таҳти чунин унвон имрӯз, 27 майи соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ-назариявиро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Сипас, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Навруз дар мавзуи “Экстримизм ҳамчун идеологияи тероризм” маъруза намуда, иброз дошт, ки имрӯз масъалаи мубориза бар зидди эктремизм ва терроризм яке аз проблемаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
Баъдан, н.и.ф., мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин Қурбоншоев Илҳом дар мавзуи “Тероризм ва экстримизм – мушкилоти глобалии замони муосир”баромад намуда, зарарҳои моддию маънавии ин зуҳуроти номатлубро ба шунавандагони семинар бо далелҳои асоснок фаҳмониданд.
Инчунин ходими калони илмии шуъбаи сиёсатшиносӣ Додихудоев Хуршед дар мавзӯи “Таҷрибаи мусбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зиддӣ экстримизм ва тероризми байналмилалӣ” баромад намуд.
Дар анҷоми кори семинар байни иштирокчиён бобати мавзуи баррасишаванда баҳсу мунозираҳо доир гашт.