ЭҲЁ ВА ТАҲАВВУЛИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ БОЗЁФТИ АРЗИШМАНДИ ФАРҲАНГИ ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ
Таҳти чунин унвон дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии масъалаҳои эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллии тоҷикон Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Шаби Ялдо, инчунин арзёбии ҷойгоҳ ва аҳамияти онҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа дар давраи Истиқлол ба ҳисоб мерафт.
Конференсияро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ ба аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ҷашнҳои миллӣ ишора карда, таъкид намуд, ки эҳё ва гиромидошти ин ҷашнҳо дар давраи Истиқлол ҳамчун омили муҳими таҳкими худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик хизмат менамояд.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқон бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангии ҷашнҳои миллиро мавриди таҳлил қарор додаанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Т. Маҳмадҷонова дар мавзуи «Арзишҳо дар расму оинҳои Наврӯз» суханронӣ намуда, аҳамияти маънавию ахлоқии ин ҷашни бостониро дар фарҳанги мардумӣ шарҳ дод.
Ҳамчунин, ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанг Н. Раҳматуллоев (Назри Яздон) дар мавзуи «Ваҳдатсозӣ ва бунёдкории Наврӯз» оид ба нақши Наврӯз дар таҳкими ҳамдилӣ ва ҳамгироии ҷомеа ибрози назар кард.
Н.и.ф., дотсент Т. Муродова дар мавзуи «Ҷашнҳои аҷдодии ориёӣ ва вижагиҳои таҷлили онҳо» ва ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанг Зоҳири Сайфулло дар мавзуи «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар тарғиби идеяҳои Наврӯз» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, густариши арзишҳои маънавӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим доранд.
Қайд карда шуд, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ ин ҷашнҳо бо мазмуну муҳтавои нав эҳё гардида, ҳамчун падидаҳои муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа мақоми хоса касб намуданд.
Дар анҷоми конференсия иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар самти омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллат муҳим арзёбӣ намуданд.
