ГУЛИ ЛОЛА- «АРУСИ СОЛ» («МАЛИКАИ СОЛ»)
Гули лола ҳамчун гули «Аруси сол» дар байни дигар гулҳои худрӯи баҳорӣ ва сабзаҳои навраста ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даман, чаману гулгашт ва боғу боғчаҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову ҳаловатбахш менамояд. Фалсафаи ин гули худрӯи табии зебову ҳассос он аст, ки ӯ нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо ва на тоқати бодҳои тундро дорад.
