Skip to main content

ИДОМАИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Бо мақсади иҷрои босамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” имрӯз 09.04.2025 сол бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Конференсияи илмиву назариявӣ доир гардид.

Конференсияро муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ намуда қайд намуданд, ки Институт барои пурсамар ва муфид гузаронидани даҳаи илми академии тоҷик барномаи мушаххас дошта, дар ин замина мавзуъҳои ҷолибро матраҳ менамояд.

Дар Конференсия доктори илмҳои сиёсӣ, профессор узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Навруз дар мавзуи “Сиёсат ҳамчун санъати идоракунӣ”, доктори илмҳои фалсафа Қаҳоров Ғ.Ғ. дар мавзуи “Фарҳанг ҳамчун омили ташаккули ҳуввияти миллии аҳолӣ” ва н.и.с., Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи “Мастер- класс вобаста ба РИНЦ” баромад ва суханронӣ намуданд.

Дар охири Конференсия муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода аз ташкилкунандагони конференсия изҳори сипос намуданда қайд намуданд, ки натиҷаҳои конфренсия дар шакли мақолаҳо ва таҳқиқотҳо чоп мешаванд, то ба рушди минбаъдаи илм дар ин самт ёрӣ расонанд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121