Skip to main content
Навид

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Имрӯз, 15 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Академия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

ЧИЛАЕВА МУҲАЙЁ ТОҲИРОВНА

Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050100 – Сотсиология (6D050103 – Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ)
Санаи ҳимоя: 25.09.2026, соати 13:00

Мақолаҳо

СИЯҲГӮШ – РАМЗИ ГУЛИ МИЛЛӢ

Гул зеботарин муъҷизаи табиат, атокунандаи зебоию тароват, болидагардонандаи табъи инсон, бахусус бедоркунандаи завқи эстетикии бонувон аст. Гули сиёҳгӯш (маъруф бо номи гули Сиёвуш) дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик ҳамчун рамзи зебоии табиат, бедории баҳор ва эҳё шудан эътироф мешавад. Аввалин гули баҳорӣ аст, ки ҳамчун гули наврӯзӣ — аз фарорасии ҷашни Наврӯз дарак медиҳад. Дар баробари лола, ин гули кӯҳӣ нишонаи ҷавонмардӣ, покӣ ва пирӯзии ҳаёт бар зулмот маҳсуб меёбад.

23121