Skip to main content

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Имрӯз, 15 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Академия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ 40 нафар рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори оммаи давалтӣ ва мустақил, аз ҷумла АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Душанбе», радиоҳои «Тоҷикистон», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор» ва «СССР», «Азия плюс», «Hamsado», «Оила» ширкат варзиданд.

Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва ташкилии худро дар доираи сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, рушди иқтидори илмии кишвар, таҳкими заминаи моддию техникӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.

Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти муассисаҳои илмӣ ба татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, иҷрои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ворид намудани натиҷаҳои илмӣ ба истеҳсолот, рушди технологияҳои муосир ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот равона гардида, дар ин замина як қатор дастовардҳои муҳим ба даст омадаанд.

Қайд гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуъ, аз ҷумла 65 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 9 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 25 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии мавзуъҳои илмӣ 50 мавзуи нави марбут ба соҳаҳои муҳимми илми ватанӣ мебошанд, ки шуруъ аз соли 2026 дар муассиссаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз карда шудаанд.

Таъкид гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада шашмоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла, 43 монография, 68 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва беш аз 1200 мақолаи илмӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ беш аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ҷумла, беш аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва беш аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 80 мақола – дар SCOPUS ва беш аз 170 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд.

Гуфта шуд, ки Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ, 2 шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии ҳуқуқи муаллифи асарҳои илмӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуданд. Инчунин аз тарафи олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 пешниҳоди ратсионализаторӣ таҳия ва тадбиқ карда шуд.

Иброз гардид, ки дар ин давра бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №80, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера” иваз карда шуд. Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта, бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин бинои Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардонида шуд.

Қайд гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қатор корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, бинои нави замонавии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду озмоишгоҳи нав – Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ ва Озмоишгоҳи муайянкунии молҳои таъиноташон дутарафа ба истифода дода шуданд.

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ду ганҷина – Ганҷинаи фолклор ва Ганҷинаи шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот таъсис ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика, дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ, инчунин дар Институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умаров Озмоишгоҳи муштараки татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Системаавтоматика» бо мусоидати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав таъсис дода шудааст, пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои пешбурди фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва таълимӣ бо шароити муосири корӣ таъмин гардид.

Дар идомаи нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба як қатор масъалаҳои муҳими илмию иҷтимоӣ саволҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, саволҳо ба сафари хизматии олимони Академия ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, масъалаи истифода ва мавқеи ҳарфи «ӯ» дар забони тоҷикӣ, зиёдшавии саршумори ҳайвоноти нодир ва тадбирҳои ҳифзи онҳо, таҳсили магистрантон ва докторантон аз рӯйи барномаи PhD, омода намудани кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, ҳифзу нигоҳдошт ва омӯзиши дастхатҳои нодир, таҳияи харитаи сейсмикӣ ва омӯзиши канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар, гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, инчунин таъсири болоравии нархи сӯзишворӣ ба иқтисодиёти мамлакат марбут буданд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи татбиқи сиёсати давлатии илму маориф ва инноватсионии кишвар идома дода, ҷиҳати рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва инноватсионии мамлакат, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳад намуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121