ОМИЛҲОИ ҶАҲОНИШАВИИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ВА ЭҲЁИ РАСМУ ОИНҲОИ ОН
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии мардуми форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз ва таърихи зуҳури он, вақту замони таҳлилии ин ҷашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон - Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддини Айнӣ ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд.
