АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИЯ - ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки манбаи арзишҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба ташаккули худшиносӣ, ҳисси масъулият ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири амиқ мерасонад. Дар замони муосир, ки ҷомеаи муосир ба сӯи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қадам мегузорад, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву сиёсӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.