ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарине ба ҳисоб мерафт, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Албатта, ин мавзӯъ бисёр фарох аст. Инҷо танҳо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба якчанд корнамоиҳои Пешвои миллат, ки воқеан тавониста ҳуввияти миллии шаҳрвандони моро баланд бардорад ҷалб мекунем. Миллати тоҷик дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст.
